Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Патологияи географӣ

Патологияи географӣ

Владимир Иванович Вернадский

Патологияи географӣ, яке аа соҳадои тиб аст, ки қонунияти дар минтақаи гуногуни географӣ ба ву­ҷуд омадан, паҳн шудан ва ҷараён гирифтани бемориҳоро вобаста ба таъсири омилҳои табиӣ ва иҷтимоию иқтисодии мардум меомӯзад Истилоҳи Патологияи географиро олими немис А. Хирш соли 1858 ҷорӣ кардааст. Дар СССР Патологияи географӣ бо номҳои патологияи- кишварӣ ва тибби кишварӣ ба вуҷуд омада, ривоҷ ёфт. Таҳкурсии Патологияи географиро ҳакимони маъруфи тоҷик Абӯалии Сино, Ис моили Ҷурҷонӣ ва дигар сохтаанд. Дар китобҳои <Ал-Қонун>> ва «Захираи хоразмшоҳӣ» роҷеъ ба Патологияи  географӣ, яъне ба саломатӣ чӣ гуна таъсир доштани омилҳои географӣ ва иқлимӣ (баландию пастӣ, биёбону кӯҳистон, шароити шимолу ҷануб, гармию сардӣ, намию хушкӣ ва ғайра), урфу одат, тарзи зиндагӣ фикру андешаҳои одилона зикр ёфтаанд.

Данишевский Григорий Михайлови

Дар такмилу тараққии Патологияи географӣ  олимони рус ва советӣ В. И. Вернадский, Г; М. Да­нишевский, Д. К. Заболотный, Е. Н. Павловский, Н. Н. Спротинин ва дигар саҳми калон гузоштанд. Азбаски дар CСCP халқу миллатҳои сершумор зиндагӣ мекунанд, тараққӣ додани Патологияи географӣ аҳамияти бағоят калон дорад. Дар Осиёи Миёна Патологияи географиро П. Ф. Бо­ровский, Н. И. Исмоилов, Л. М. Исоев, дар Тоҷикистон бошад, X. Ц. Гад­жиев, Е. Н. Павловский, П. В. Сиповский, М. Ц. Қулматов ва дигар ривоҷ доданд. Олимони Тоҷикистон, дар қатори тадқиқоти зиёде вобастагии пайдоиши саратони даҳону за­бон ба носкашӣ, саратони сурхрӯда ба истеъмоли хӯроку нӯшокии гарми ҷӯшон, рӯй додани касалии ҷоғар аз кам будани йод дар обу хок, вайроншавии мубодилаи моддаҳо ва ҳазми хӯрок ба сабаби рӯзадорӣ ва дигар масъалаҳоро муайян намуданд.

Дар натиқаи ба куллӣ беҳтар гардидани шароити иҷтимоӣ, болоравии савияи маданӣ ва маишии халқ, комёбиҳои нигаҳдории тандурустӣ дар республика бисёр бемориҳои кишварӣ ва иҷтимоии меросӣ, алалхусус, безгаку чечак, риштаю пашахӯрда, хунноқу трахома, бемориҳои пӯсту мӯйсар. боди сиёху қулғуна ва ғайра қариб тамоман барҳам хӯрданд.

Адабиёт: Вопросы краевой медицины, маҷмӯъа, Ташкент, 1965; А в ц ы н А. П„ Введение в географическую патологию. Москва„ 1972; Ге­ографическая патология Узбекистана, маҷмуъа., Ташкент, 1975. Москва.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …