Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Пастии назди баҳри сиёҳ

Пастии назди баҳри сиёҳ

Пастии назди баҳри сиёҳ, ҳамвориест дар Республикаи Советии Сотсиалистии Украина, байни дарёҳои Дунай (аз Fарб) ва Калмпус (аз Шимол), ки то баҳрҳои Сиёҳ ва Азов тӯл кашида, сатҳи он ба самти Ҷануб каме нишеб аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 10— 150 метр.

Аз таҳнишастҳои баҳрии пале­оген ва неоген (оҳаксанг, peг, гил) таркиб ёфта, бо лёссу гилҳои регдори лёссмонанд пӯшида шудааст. Ҳамвориро водии васеи дарёҳои Днепр, Буги ҷанубӣ, Днестр ва ғайра бурида мегузаранд. Соҳилҳояш ростфаромадаанд, дар ин ҷо просессҳои лағжиш зуд-зуд ба вуқӯъ меоянд. Лиманхо дорад (Днепр, Днестр ва ғайра). Ҳамворӣ дар зонаи даштӣ хокаш сиёҳ ва дорчинранг воқеъ гардидааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …