Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Коммунистии Сурия

Партияи Коммунистии Сурия

Партияи Коммунистии Сурия (ПКС), соли 1924 таъсис ёфтааст. Съезди 1-уми Партияи Коммунистии Сурия ПКС соли 1930 барпо гардид. То соли 1958 (ба истиснои солҳои 1944—48) Партияи Коммунистии Сурия ПКС ташкилоти ягонаи коммунистони Сурия ва Лубнон буд. Солҳои 1948—58 Партияи Коммунистии Сурия ва Лубнон ном дошт. Партияи Коммунистии Сурия ПКС дар муборизаи зидди мустамликадории Франсия, барои истиқлолияти миллии мамлакат иштирок мекард. Барои фаъолияти ватандӯстонаи худ борҳо дучори таъқибот гардидааст.

Партияи Коммунистии Сурия ПКС сиёсати берунии зид-диимпериалистӣ ва дигаргунсозиҳои прогрессивиеро, ки Партияи сотсиалистии таҷаддуди араб (ПСТА, соли 1963 ба сари ҳокимият омад) ба амал мебаровард, дастгирӣ карда, ҳамроҳи ин партия ва дигар ташкилотҳои зиддиимпериалистӣ ба Фронти миллии прогрессивӣ (ФМП, 1972 ташкил ёфт) дохил гардид. Ду нафар намояндаи Партияи Коммунистии Сурия ПКС ба ҳайати ҳукумат дохиланд. Соли 1974 Съезди 4-уми Партияи Коммунистии Сурия ПКС барпо гардид. Съезд роҳи инкишоф додани ҳамкории байни Партияи Коммунистии Сурия ПКС ва ПОТА, мустаҳкам намудани Фронти миллии прогрессивӣ ФМП-ро маъқул ёфта, ба принсипҳои марксизм-ленинизм ва интернатсионализми пролетарӣ содиқ будани Партияи Коммунистии Сурия ПКС-ро қайд карда, роҳи ҷудоиандозии роҳбарони Хитойро маҳкум намуд.

Котиби генералии Комитети Марказии Партияи Коммунистии Сурия ПКС — X. Багдош Ҷонишини Котиби генералии Комитети Марказии Партияи Коммунистии Сурия ПКС — Ю. Файсал. Партияи Коммунистии Сурия ПКС газетаи «Нидал-уш-шааб»-ро нашр мекунад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …