Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Коммунистии Доминакан

Партияи Коммунистии Доминакан

Партияи Коммунистии Доминакан (ПКД), соли 1944 таъсис ёфтааст. Солҳои 1944—1946 Партияи револютсионӣ-демократии Доминикан, аз соли 1946 то августи 1965 Партияи халқи сотсиалистии Доминикан (ПХСД) ном дошт. Дар давраи диктатураи Р. Л. Трухило Молвив (1930—61) бар зидди сохти мавҷуда ва зӯроварии империализми Амери­ка дар мамлакат муборизаи фаъоло- на мебурд. Соли 1947 Партияи Коммунистии Доминакан ПКД ғайриқонунӣ эълон шуда, ба таъқиботу ҷазоҳои сахте гирифтор гашт, роҳбарони партия аввал ҳабс ва баъд бадарға шуданд. Яке аз асосгузорони партия Ф. Вальдес дар маҳбас кушта шуд. Июня 1955 Конференсияи Партияи халқи сотсиалистии Доминикан ПХСД барпо гардид, ки дар ин Устави пар­тия қабул ва органи роҳбарикунандаи партия — Котиботи Комитети Марказӣ интихоб гардид. Баъди барҳам додани дик­татураи Л. Р. Трухильо (1961) Партияи халқи сотсиалистии Доминикан ПХСД бар зидди кушунҳои реаксия, ки дар мамлакат аз нав тартиботи диктаторӣ ҷорӣ кардами буд, мубориза мебурд. Дар замони президентии X. Бош (феврали— сентябри 1963) партия дар вазъияти нимлeгaлӣ буд.

Баъди табаддулоти давлатӣ (25 сентябр 1963) ва ба сари ҳокимият омадани ҳарбиён Партияи халқи сотсиалистии Доминикан ПХСД маҷбур шуд дубора ба пинҳонкорӣ гузарад. Пар­тия талаби барқаpop намудани сохти конститусиониро ба миён гузошт. Коммунистон дар муборизаи яродноки зидди реаксияи маҳаллӣ ва қӯшунҳои Штатҳои Муттаҳидаи Америка, ки солҳои 1965—66 бар зидди Республикаи Доминкан интервенсияи ошкорои мусаллаҳона ташкил карда буданд, иштирок кар­данд. Муваффақияти муҳими фаъолияти Партияи Коммунистии Доминакан ПКД ва тамоми қувваҳои демократӣ ин буд, ки Партияи Коммунистии Доминакан ПКД соли 1977 легалӣ гардид ва дар интихоботи уму­мии май 1973, ки он ба шикасти ҳукумати X. Балагер оварда расонд, иштирок кард. Съезди 2-уми миллии Партияи Коммунистии Доминакан ПКД марти 1979 (нахустин съезди легалӣ дар таърихи партия) — Про­грамма ва Устави партияро қабул намуд. Дар устав қайд карда мешавад, ки партия дар муборизаи сиёсии худ принсипҳои марксизм-ленинизмро ба роҳбарӣ мегирад.

Ҳайатҳои вакилони Партияи Коммунистии Доминакан ПКД дар ко­ри Маҷлисҳои машваратии байналхалқии партияҳои коммунистӣ ва коргарӣ (1957, 1960, 1969, Москва) иштирок карданд.

Котиби генералии Партияи Коммунистии Доминакан ПКД — Н. Иса Конде. Органҳои чопии Партияи Коммунистии Доминакан ПКД — газетаи «Аблан лос коммунистас ва журнали «Ипакто сосиалиста».

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …