Парки мошину трактор дар хоҷагик қишлоқ, мошинҳое, ки барои механиконидани киштукори растаниҳои хоҷагии қишлоқ заруранд. Парки мошину трактор аз гурӯхҳои зерин иборат аст: тракторҳо (шассихои худгард) чун воситаи энергетикии универсалӣ; мошинҳои хочагии қишлоқ, ки ба тракторҳо агрегатонида мешаванд (плугҳо, тухмипошакҳо, сихмолаҳо, култиваторҳо, алафдаравакҳо, мошинҳои гуногуни ғайрихудгарди ҳосилғундор ва ғайра); мошинҳои мустақил амалкунандаи ҳосилғундор; мошинҳои стационарӣ, ки механизмҳои индивидуалӣ ё гурӯҳии қисмҳои кориашон ҳаракатдиҳанда доранд; мошинҳои нақлиётӣ.
Мувофиқи талаботи механизасияи комплексӣ мошинҳои хоҷагии қишлоқ, ки ба Парки мошину трактор дохил мешаванд, барои киштукори зироати ҷудогонаи хоҷагии қишлоқ дар асоси баҳисобгирии хусусиятҳои истеҳсолоти минтақаҳои гуногуни табиию иқлимӣ ба комплексӣ муттахид мешаванд. Структураи, комплексҳои мошин дар натиҷаи махсусгардонии хоҷагиҳо, инчунин вобаста ба технологияи истеҳсолот ва хусусиятҳои табиию иқлимии ба интихоби мошинҳо таъсиррасон тағйир меёбад. Асоси истифодаи иқтисодии Парки мошину трактор аз риояи қоидаҳои истифодаи техникӣ, сари вақт ба кор андохтани парк, таъмини такрористеҳсоли васеъ дар асоси техникаи нав иборат аст.