Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Памфлет

Памфлет

Памфлет (англ. pamphlet), асари публитсистии начандон калонест, ки мақсади асосиаш ҳаҷви конкрети гражданӣ, ғолибан, иҷтимоию сиёсист. Памфлет дар давраи Эҳё пайдо шу­дааст. Памфлетҳои М. Лютер, Эразми Роттердамӣ, Т. Мурнер мавқеи калон доштаад. Бо қувват гирифтани тамоюли сиёсии низоъҳои динӣ мазмуни иҷтимоии Памфлет қавитар гардид. Масалан, силсилаи Памлетҳои Ҷ. Милтон, Ҷ. Лилберн, Ҷ. Уинстэнли дар давраи револютсияи асри 17 Англия, баъдтар Памлетҳои Д. Дефо ва Ҷ. Свифт.

Асарҳои К. Маркс «Ҷаноби Фогт» ва В. И. Ленин «Револютсияи пролетарӣ ва муртад Каутский» намунаи классикии Памфлети сиёсӣ мебошанд. Бисёр асарҳои А. Н. Радишев, А. И. Гер­тсен, В. Г. Белишений низ дар шакли Памфлет навишта шудаанд. Дар адабиёти советӣ И. Оренбург, Л. Леонов ва дигар анъанаи памфлетнависиро давом додаанд. Памфлет дар адабиёти советии тоҷик зери таъсири адабиёти советии рус инкишоф ёфтааст.

Намунаҳои беҳтарини онро дар эҷодиёти С. Айни мебинем. С. Айнӣ махсусан солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ як силсила Памфлетҳо («Чингизи асри XX», «Деви ҳафтсар», 1941: «Хари бедум», 1943 ва ғайра) навишта, симои манфури ҷангҷӯёнро фош кард. А. Деҳотӣ, А. Ҷалил, А. Шукӯҳӣ ва дигарон низ дар мавзӯъҳои гуногун Памфлет навиштаанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …