Маълумоти охирин

ПОЛВОНКАЧАЛ

ПОЛВОНКАЧАЛ, қаҳрамони асосии намоиши зочабозии «Чодирхаёл». Полвонкачал ҳамчун қаҳрамони асосии намоишномаи зочабозӣ дар асрт 14 пайдо шуда, то чоряки аввали асри 20 вуҷуд доштааст. Полвонкачал ҳамеша адолат, инсоф ва ҳақиқатро тарғиб мекард. Дар образи Полвонкачал одатан ҳаёти шахсони зиндадил ва хушҳол ифода меёфт. Дар гузашта зочабозон ба воситаи образи Полвонкачал сарватмандони бемурувват ва рӯҳониёнӣ мутаассибро ҳаҷв мекарданд. Дар замони советӣ намоишҳои Полвонкачал аз нав ба роҳ мондаву такмил ёфта, ба рӯҳи замон мувофиқ кунонда шудааст.        

Я. Нурҷонов.

fd05as4q6ug

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …