Маълумоти охирин

Пак Чи Вон

Пак Чи Вон (тахаллус Ё н а м; 5. 3. 1737, Сеул — 10. 12. 1805, ҳамон ҷо), нависанда ва мутафаккири Ко­рея, бузургтарин намояндаи ҳаракати сирхакиха (равияе дар афкори ҷамъиятии охирҳои асрҳои миёнаи Корея, ки бар зидди схоластикаи конфусиячигӣ тавассути тарғиби до­ниши ҳақиқӣ — сирхак мубориза мебурд). Аз оилаи ашрофи начандон давлатманд. Аввалин шуда ғояҳои сирхакро дар адабиёти бадеӣ ҷорӣ намудааст. 7 новеллаи нахустинаш бо иловаи «Гуфтор дар васфи Кван Мун» (тақрибан 1754) дар маҷмӯаи насрии «Таърихи ғайрирасмии па­вилон» Пангёнгак» гирд омадаанд.

Нависаидаи ҳақиқатнитор дар эҷодиёташ нуқсонҳои чамъияти феодалиро фош карда («Гуфтор дар бораи янбан»), қафомонии иқтисодӣ ва мадании ин ҷамъиятро зери танқиди сахт мегирад. Дар байни асарҳон дигари Пак Чи Вон «Рӯзномаи Жэхэй» (26 китоб, солҳои 80 асри 18) мавқеи намоён дорад, ки ёддошти сафари ӯ ба Хитой (1780) аст. Пак Чи Вон чунин мешуморид, ки барои некӯаҳволии халқ донишҳои илмӣ ва таҷрибаи дигар мамлакатҳоро омӯхта истифода кардан зарур аст.

Дар новел­лаи романи «Набарди паланг» маҳорати ҳаҷвнигорни ӯ равшан акс ёфтааст. Нуқтаи олии эҷодиёти Пак Чи Вон «Қиссаи Хо Сэн» аст, ки нависанда дар он ҷамъияти хаёлии бе­синфро тасвир намудааст. Ашъори лирикии фалсафӣ ва манзаравии Пак Чи Вон саршори ҳисси ватандӯстию умед ба ояндан дурахшон аст. Дар мақолаҳои адабии танқидиаш аҳамияти ҷамъиятӣ ва тарбиявии адабиётро таъкид кардааст. Соли 1957 Со­вети Умумиҷаҳонии Сулҳ 220-солагии рӯзи таваллуди Пак Чи Вонро ҷашн гирифт.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …