Маълумоти охирин

Пажду Зардушт

Пажду Зардушт ибни Баҳ­ром (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 13 форс-тоҷик. Дар оилаи пайравони зардуштия ба дунё омада, худ низ яке аз рӯҳониёни дини мазкур буд. Аз ҳусни таваҷҷӯҳи Пажду ба дину оини бостони Эрон осори боқимондаи ӯ гувоҳӣ медиҳанд.

Яке аз таълифоти машҳури Пажду «Зардуштнома» мебошад, ки дар асоси қиссаву ривоятҳои авестоӣ ва паҳлавӣ оид ба Зардушт таълиф гардидааст. Пажду асари дигари паҳлавӣ — «Ардавирофнома»-ро низ ба риштаи назм кашидааст. Назми Пажду аз ҷиҳати бадеият чандон баланд набошад ҳам дар ҳифз ва интишори киссаву ривоятҳои Эронӣ бостон хидмати арзандае кардааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …