Паҳлавӣ (то 1925 — Энзели), шаҳр ва бандарест дар қисми шимоли Эрон, дар соҳили ҷанубии баҳри Каспий. Аз ҷиҳати маъмурӣ тобеи остони Гелон. Аҳолиаш 60 ҳазор нафар (1974). Роҳи автомобилгард Паҳлавӣро бо шаҳри Теҳрон мепайвандад.
Муомилоти молии баҳрии байни СССР ва Эрон асосан ба воситаи бандари Паҳлавӣ амалӣ мегардад. Паҳлавӣ маркази муҳими моҳидорист. Корхонаҳои коркарди моҳӣ, шоликӯбӣ, тамоку, равған, чӯбгарӣ, киштисозӣ ва таъмири киштӣ дорад. Шаҳри курортист.