Охрид (okhrida; ohrid), кӯлест дар Югославия ва Албания. Дар пастхамии байникӯҳӣ, дар баландии 695 метр ҷой гирифтааст. Масоҳат 348 километр2; чуқуриаш то 285 метр. Охота як қисми обашро ба воситаи роҳи зеризаминӣ аз кули Пресна мегирад.
Оби кӯл ба воситаи дарёи Дрин ба баҳри Адриатика ҷорӣ мешавад. Аз кӯл зағорамоҳӣ, гулмоҳӣ, угор шикор мекунанд. Киштигард. Дар соҳилҳои Охота курортҳо ва шаҳрҳои Охрид (Югославия) ва Поградес (Албания) ҷойгир шудаанд.