Маълумоти охирин
Главная / Илм / Остеология

Остеология

Остеология (аз остео… ва …логия), як қисми анатомияро гӯянд, ки скелети устухониро меомӯзад. Аввалин маълумот оид ба устухонҳо дар асарҳои Буқрот зикр шудааст. – Ташаккул ва тараққиёти Остеология баъди дар амал ҷорӣ шудани усули чок карда омӯхтани ҷасади мурда, техникаи гистологӣ ва (микроокопияи устухонҳо, усули тадқиқи рентгенӣ ва ғайра сурат гирифт.

Остеология ба Остеологияи мумию ҷузъӣ (инкишоф ва сохти устухонҳои алоҳидаро меомӯзад), муқоисавӣ ва с и н н у с о л ӣ чудо ме­шавад. Бо қадри такмил ёфтани усулҳои ҷарроҳии муолиҷап беморӣ ва осеби устухону буғумҳо (нигаред Ортопедия, Шикастабандӣ) Остеология аҳамияти калон пайдо кард. Ҳоло бисёр дардҳои устухон бо усулҳои ортопедӣ муолиҷа мешаванд.

Дар СССР таснифоти зерини бемориҳои усту­хон қабул шудааст: ҷароҳатӣ, илти- ҳобӣ, дистрофӣ, диспластикӣ; ба ин гурӯҳ инчунин омосҳои некзод ва бадаслро низ дохил мекунанд. Дар антропология вазифаи тадқиқоти Остеология аз муайян намудани қонуниятҳои (нажодӣ, ҷинсӣ, синнусолӣ ва ғайра) тағйирёбандагии шаклу андозаи ске­лети одамони ҳозира, инчунин мор- фогенези онҳо (омӯхтани морфологияи одамони қадим, тадқиқи инкишофи дохилибатнии скелет) иборат аст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …