Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Оркестри симфонии филармонияи давлатии Тоҷикистон

Оркестри симфонии филармонияи давлатии Тоҷикистон

Оркестри симфонии филармонияи давлатии Тоҷикистон, коллективи эҷодии навозандагонест, ки соли 1965 дар назди Фи­лармонияи давлатии Тоҷикистон таъсис ёфтааст (роҳбараш Ю. Евсе­ев буд). Оркестр дар ташвиқу тарғиби асарҳои бастакорони классикии ҷаҳони, рус, советӣ ва тоҷик роли ка­лон мебозад. Дар барномаҳои Оркестр асарҳои Л. Бетховен (симфонияи 3 ва 5), П. И. Чайковский (симфонияҳои 1, 4, 5, 6), Н. А. Римский-Корса­ков (сюитаи симфонии «Шаҳри- зод»), Д. Д. Шостакович (симфонияи 5) ва ғайра мавқеи намоён доранд.

Асарҳои бастакорони тоҷик 3. Ша­ҳидӣ (симфонияи «Мақом»), Ш. Сайфиддинов (достони симфония «Қишлоқи тиллоӣ»), А. Одинаев («Ленин дар Помир»), Ф. Баҳор («Мароқанд»), X. Абдуллоев (навоҳои рақсӣ), Қ. Ядёев (симфония бахшида ба Т. Лолаев), Я. Сабзанов (достони симфонии «Рӯдакӣ») ва ғайра дар иҷрои дастаи навозандагони Оркестр муваффақият пайдо кардааст.

Ҳайати эҷодии Оркестр аз беҳтарин навозандагони республика — М. Биргер (скрипка), У. Ҳомидов (гобой), Г. Дудкин (вал­торна), А. Полле (алт), М. Саидқу- лов (труба), А. Юсуфов (флейта) фароҳам омадааст. Ҳоло (то январи 1980) дар ҳайати Оркестр  67 нафар санъаткорону мусиқинавозон кор мекунанд. Сардирижёр ва роҳбари бадеии он — И. Ф. Ковалёв (аз соли 1971), дирижёр —У. Мадёров (аз соли 1967). Ҳайати эҷодии оркестр ба бисёр шаҳру районҳои республика ва берун аз он сафарҳои ҳунарӣ кардааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …