Оркестр (аз юнонӣ orchestra — майдончаи назди саҳнаи театр дар Юно- ни Қадим), коллективи калони мусиқинавозонест, ки бо асбобҳои гуногуни мусиқӣ асари барои онҳо эҷодшударо ,иҷро мекунанд. Тафовути Оркестр аз ансамбли созӣ ин аст, ки агар дар ансамбл ҳар партия аз ҷониби як навозанда иҷро шавад, дар Оркестр баъзе партияҳо бо якчанд сози ҳамҷинс иҷро мегардад.
Шакли олии он Окестри симфониест, ки ба ҳайати oн созҳои торӣ, нафасӣ ва зарбӣ дохил мешаванд. Оркестрҳои торӣ, ва нафасӣ низ маъмуланд. Оркестри камеравӣ аз Оркестри симфонӣ бо ҳамин фарқ мекунад, ки дар он миқдори камтари навозандагон иштирок дошта, иҷрои ҳар партия ба як на- возанда супорида мешавад.
Инчунин Оркестри ҳ а р б ӣ (оркестри нафасӣ, баъзан бо созҳои торӣ, омехта), Оркестри эстрадӣ ва Оркестри асбобҳои х а л қ ӣ вуҷуд доранд. Дар Тоҷикистон ҳамаи навъҳои Оркестр мавҷуданд. Дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон, дар назди Комитети давлатии телевизион ва радиошунавонӣ, дар театрҳо ва омӯзшшгоҳҳои мусиқӣ Оркестрҳои гуногун амал мекунанд.