Маълумоти охирин
Главная / Илм / Ориентасия

Ориентасия

Ориентасия (франсавӣ orientati­on — самт ба шарқ, аз лотинӣ oriens — шарқ), таъмими мафҳуми самти хати ростро ба фигураҳои геометрии нисбатан мураккаб гӯянд.

Ориентасия дар хати рост. Нуқта аз рӯи хати рост дар ду самти муқобил ҳаракат карда метавонад. Масалан, аз рӯи хати рости го­ризонталии АВ (расми 1) ҳам аз рост ба чап ва ҳам аз чап ба рост ҳаракат кардани нуқта мумкин аст. Хати росте, ки дар он самти муайян нишон дода мешавад, хати рости ориентиронидашуда ном дорад.

Ориентасия дар хатикаҷ. Ҳар як хати каҷро ба монанди Ориентасияи хати рост ҳам муқобили ҳаракати ақрабаки соат ва ҳам мувофиқи ҳаракати он ориентиронидан мумкин аст (расми 2).

Ориентасия дар ҳамворӣ. Бигузор ягон қисми ҳамворӣ бо хати каҷи сарбастаи оддӣ маҳдуд бошад. Ин хати каҷро бо ду усул ориентиронидан мумкин аст. Ҳангоми ориентиронии хати каҷ қисми бо ин хати каҷ маҳдудшудаи ҳамворӣ низ ориентиронида мешавад. Агар ҳангоми ду хати каҷро аз рӯи самти нишондодашуда гузаштан қисмҳои бо ин хатҳои каҷ маҳдудшудаи ҳам­ворӣ дар як тараф воқеъ бошанд, ин ду хати каҷ як хел ориентиронидашуда ном доранд.

Масалан, дар расми 2 ва 4 хатҳои каҷ як хел, хати каҷи расми 3 бошад, муқобили онҳо ориентиронида шудааст. Ҳамворӣ якҷоя бо хатҳои каҷи ориентиронидашудааш ҳамвории ориентиронидашуда номида мешавад. Агар дар ҳамворӣ тирҳои координатаҳо Ох ва Oy бо самти муайяни мусбат интихоб шу­да бошанд, ба ин ҳолат чунин Ориентасияи ҳамворӣ мувофиқ меояд, ки дар он давраи марказаш ибтидои координатаҳо буда дар самти аз самти мусбати тири Ох ба самти мусбати тири .

Оу гирифташуда ориентиронида шу­да аст. Macалан, системаҳои координатаҳои дар расми 5 ва 6 нишондодашуда ҳамон як Ориентасияи ҳамвориро нишон медиҳанд. Системаи координатаҳои расми 7 бошад, баръакс ориентиронида шудааст.

Ориентасиям с а т ҳ. Ориентасияи сатҳи дилхоҳ ҳам ба монанди Ориентасияи ҳамворӣ муайян карда мешавад. Ду пораи сатҳ ҳамон вақт як хел ориентиронидашуда номида мешаванд, ки ҳангоми аз рӯи самти додашуда гу- заштани хатҳои каҷи ин пораҳои сатҳро маҳдудкунанда пораҳоисатҳ дар як тараф воқеъ гарданд. Macалан, сатҳи кубҳои расмҳои 8 ва 9 як хел, аммо сатҳи расми 10 баръакси онҳо ориентиронида шудаанд. На ҳамаи сатҳҳо ориентиронидашаванда мебо­шанд.

Ориентасияи фазо. Агар тирҳои координатаҳои Ох, Оу, Ох бо самтҳои муайяни мусбат интихоб шуда бошанд, Ориентасияи О фазо чунин му­айян карда мешавад: аввал ягон тетраэдра ОАВС, ки яке аз қуллаҳояш дар ибтидои координата О ва қуллаҳои дигараш дар шуоъҳои мус­бати тирҳои координата А, В; С ҷой гирифтаанд, муоина карда мешавад (расмҳои 11, 12); секунҷаи АВС, ки дар сатҳи ин тетраэдр мехобад, бо тартиби АВС (яъне аввал аз тири Ох ба тири Оу ва баъд ба тири Ох) ориентиронида мешавад; ҳамин тавр Ориентасияи сатҳи тетраэдр ва аз ин рӯ Ориентасияи тамоми фазо муайян карда мешавад. Мафҳуми «Ориентасия»-ро барои фазоҳои бисёрчена низ умумият додан мумкин аст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …