Оптикаи геометрӣ, як фасли оптика буда қонунҳои паҳноиши рӯшноиро дар асоси тасаввурот оид ба шуоъҳои рӯшноӣ меомӯзад. Хатеро шуои рӯшноӣ гӯянд, ки қад-қади он сели рӯшноӣ паҳн мешавад. Мафҳуми шуоъ фақат то дами дар қитъаҳои аз ҷиҳати оптикӣ ғайриякҷинсаи муҳит ба назар нагирифтани дифраксияи рӯшноӣ ба ҳақиқат мувофиқ аст, яъне ин мафҳум фақат дар сурате мавриди истифода буда метавонад, ки дарозии мавҷи рӯшноӣ назар ба андозаи ғайриякҷинсагиҳои муҳит басо хурд бошад.
Қонунҳои Оптикаи геометрӣ ба бунёд кардани назарияи содда (вале аксаран ба қадри кофӣ дуруст)-и систе- маҳои оптикӣ имконият медиҳанд. Оптикаи геометрӣ асосан пайдо шудани тасвирҳои оптикиро шарҳ дода, ҳисобу китоби аберрасияҳои системаҳои оптикӣ ва коркарди усулҳои ислоҳи онҳо, инчунин ёфтани таносубҳои энергетикии дастаҳои шуои аз системаи оптикӣ гузарандаро имконпазир месозад.
Қонунҳои ростхатта паҳншавии рушноӣ ва инъикоси рушноиро Евклид баён карда буд. Дар асри 17 Оптикаи геометрӣ вобаста ба ихтирои як силсила ас- бобҳои оптикӣ (ғулбаи биниш, пурбин, телескоп, микроскоп ва ғайра) ва истифодаи онҳо дар амалия тараққӣ кард. Дар инкишофи пуравҷи Оптикаи геометрӣ роли И. Кеплер, Р. Декарт ва В. Снелл бузург аст.
Бо муқаррар гардидани принсипи Ферма дар асри 17 асоси назариявии Оптикаи геометрӣ гузошта шуд. Барои муҳити якҷинса принсипи Ферма ягона қонуни ростхатта паҳншавии рӯшноист. Қонунҳои шикаст ва инъикоси рӯшноӣ, ки таърихан пеш кашф шудаанд, низ натиҷаҳои ҳамин принсип мебошанд. Аз асри 18 Оптикаи геометрӣ, усулҳои ҳисобу китоби системаҳои оптикиро такмил дода, чун илми амалӣ инкишоф ёфт. Баъди ба вуҷуд омадани электродинамикаи классикӣ маълум шуд, ки формулаҳои Оптикаи геометриро аз муодилаҳои Максвелл ҳосил кардан мумкин аст.
Оптикаи геометрӣ намунаи назарияест, ки бо ёрии миқдори ками мафҳуму қонунҳои умда ба даст овардани натиҷаҳои амалии муҳимро имконпазир месозад. Оптикаи геометрӣ дар назарияи олоти оптикӣ то ҳол аҳамияти калонеро соҳиб аст.
Адабиёт: Ландсберг Г. С., Оптика, 5 -издание, Москва, 1976 (Общий курс физики, том 3