Маълумоти охирин
Главная / Илм / Оксидоредуктазаҳо

Оксидоредуктазаҳо

Оксидоредуктазаҳо, ферментҳое, ки реаксияҳои оксиду барқароршавиро катализ мекунанд. Оксидоредуктазаҳо дар ҳамаи ҳуҷайраҳои зинда ҷой доранд. Онҳо ба гурӯҳҳои спиртӣ (—ОН), алдегидӣ (—СНО), кетонӣ (>СО), этилӣ (—СН2— ОН2—), инчунин шаклҳои барқароршудаи коферментҳои пиридиш) — никотинамида- дениндинуклеотид (НАД) ва нико- тинамидадениндинуклеотид фосфат (НАДФ) ва ғайра таъсир карда, онҳоро оксид менамоянд.

Бештар аз 200 хели Оксидоредуктазаҳо маълуманд ва муҳимтарина- шон дегидрогеназаҳо (ҳангоми нафаскашӣ ва фотосинтез гидроген ва электронҳоро мекашонанд), ок­сидазаҳо (роли оксидкунандаро ок­сиген мебозад), гидроксилазаҳо (ба моддаи оксидшаванда як атоми оксигенро медиҳанд), оксигеназаҳо (ба моддаи оксидшаванда ду атоми оксигенро медиҳанд) мебошанд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …