Маълумоти охирин
Главная / Илм / Оксидоредуктазахо

Оксидоредуктазахо

Оксидоредуктазахо, ферментхое, ки реаксияхои оксиду баркароршавиро катализ мекунанд. Оксидоредуктазахо дар хамаи хучайрахои зинда чой доранд. Онхо ба гуруххои спирти (—ОН), алдегиди (—СНО), кетони (>СО), этили (—СН2— ОН2—), инчунин шаклхои баркароршудаи коферментхои пиридиш) — никотинамида- дениндинуклеотид (НАД) ва нико- тинамидадениндинуклеотид фосфат (НАДФ) ва гайра таъсир карда, онхоро оксид менамоянд.

Бештар аз 200 хели Оксидоредуктазахо маълуманд ва мухимтарина- шон дегидрогеназахо (хангоми нафаскаши ва фотосинтез гидроген ва электронхоро мекашонанд), ок­сидазахо (роли оксидкунандаро ок­сиген мебозад), гидроксилазахо (ба моддаи оксидшаванда як атоми оксигенро медиханд), оксигеназахо (ба моддаи оксидшаванда ду атоми оксигенро медиханд) мебошанд.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …