Маълумоти охирин

Оинакорӣ

Оинакорӣ, маҷмӯи корҳои бинокорист, ки ба мақсади оинабандии дару тиреза, витринаву чароғҳои танвирии бинову иншоот ва ғайра иҷро карда мешавад. Дар вақти Оинакорӣ навъҳои гуногуни шиша (шишаи тиреза. шишаи витрина, шишаи рахдор. шишаи ранга ва ғайра), инчунин шишаблокҳову «шишапакетҳоро истифода мебаранд. Оинакорӣ асосан аз ду марҳила иборат аст: буридани шиша мувофиқи андозаҳои матлуб; шинондану маҳкам кардани шиша ба ҷойҳои даркорӣ.

Дар замони ҳозира, ки бинокорӣ асосан конструксияҳои калони васл- шавандаро истифода мебарад. ода­тан оинаи дару тирезаҳоро якбора дар заводҳои хонасозӣ мешинонанд. Мавриди истифодаи чорчӯбаҳои стандартӣ шишаҳои андозаашоп якхеларо дар заводҳои шиша тайёр мекунанд. Шишахои андозаҳояшон ғайристандартиро дар устохонаҳои марказии объекти сохтмон мебуранд.

Шишаҳоро вобаста ба намуди Оинакорӣ, масолеҳи чорчӯба ва ғайра бо усуҳои гуногун шинондан мумкин аст. Ба ин мақсад хамираҳои гуногун (бур, битум, белила ва ғайра), мастика, мағзиҳои чандир (резина, пластмасса, каучук) истифода мешаванд. Барои шинондани шишаҳои калон (масалан, шишаи витринаҳо) таҷҳизоти гуно­гуни техникаи сохтмонро ба кор ме­баранд. Шишаблокҳоро (чун дар мавриди чидани хишту санг) бо маҳлули семент мешинонанд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …