Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Обигарм

Обигарм

Обигарм, посёлкаи типи шаҳрист (аз 27 январ 1977), маркази Совети посёлкаи Обигарми райони Файзободи РСС Тоҷикистон Территорияи совхози ба номи Ф. Э. Дзержинский. Аз Обигарм то маркази район 45 километр. Аҳолиаш 2880 нафар (1981), тоҷикон ва русҳо. Дар посёлка мактаби миёна, клуб, китобхона, кинотеатр, 2 касалхона, шӯъбаи алоқа, ошхона, чойхона, хонаи пионерон мавҷуданд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — чорводорӣ, картошкакорӣ ва боғу токдорӣ. За­минҳо аз сои Кӯкдара обёрӣ меша­ванд. Дар территория посёлка курорти Обигарм ҷойгир шудааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …