Обидӣ (тахаллус; фамилия О б и д о в Ҳамид; 1911, дехаи Қаратоғи ҳозира pайони Турсунзода — 16. 3. 1948, Душанбе), нависандаи советии тоҷик.
Аз оилаи бофанда.
Аъзои КПСС аз соли 1941. Соли 1930 Институти муаллимии Тошкентро хатм намуда, ба Душанбе баргашт.
Дар редаксияи газетаҳои «Комсомоли Тоҷикистон*. «Тоҷикистони Сурх»,
«Васияти Ленин», «Пионери Тоҷикистон» ва Нашриёти давлатии Тоҷикистон кор кардааст. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45). Дар октябр 1943 баъди захмдории вазнин аз армия баргашт. Котиби КМ ЛКСМ Тоҷикистон ва муҳаррири газетаи «Ҷавонони Тоҷикистон” буд, Фаъолияти адабиаш аз соли 1932 cap шудааст. Нахустин шеър ва ҳикояҳояш дар маҷмӯаҳои «Қадамҳои комсомол» (1933) ва «Овози мо» (1938) чоп шудаанд.
Дар алманахи «Ҳадя», ки соли 1938 ба муносибати 20-солагии комсомоли ленинӣ нашр ёфта буд, шеърҳои «Салом» ва «Хама гашта донову хам бошуур»-и ӯ ба табъ расидаанд. Обидӣ инчунин муаллифи песаҳои «Пионер дар сарҳад» (1939) ва «Ғаюр» (1939, ҳамрохи А. Усмонов) мебошад. Дар солҳои ҷанг достонҳои «Писари партизан», «Ҷавонӣ ва қаҳрамонӣ», «Депутати қаҳрамон»-ро навишт. Таълифоти Обидӣ дар китоби «Асархои мунтахаб» (1948) гирд омадааст. Аз соли 1935 узви ИН СССР. Бо медалҳои ҷангӣ ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.