Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Нуриҷаҳонбегим Меҳруннисо

Нуриҷаҳонбегим Меҳруннисо

Нуриҷаҳонбегим Меҳруннисо (1577, Қандадор — 1645, Лоҳур), шоираи форсизабони Ҳиндустон. Бо тахаллусҳои «Нур ва «Махфӣ» шеър гуфтааст. Дар оилаи яке аз амалдорони Акбар Мирзо Ғиёсуддин ба дунё омадааст. Зани фозилу донишманд ва сиёсатмадоре будааст. Ҳангоми ҳукмронии Акбар ба ҳокими Бангола — Шерафканхон ба шавҳар дода шуд, лекин Ҷаҳонгир пас аз фавти Акбар ба сари ҳокимият омада шавҳари Нуриҷаҳонбегимро кушта ӯро ба занӣ гирифт.

Дар дарбори Ҷаҳонгир Нуриҷаҳонбегим зимоми давлатдориро ба дасти худ даровард. Дар сиккаҳову мӯҳрҳои давлатӣ номаш сабт гардида буд. Падару бародаронаш ба кор­ҳои муҳимми давлатӣ ҷалб гардиданд. Шеърҳои Нуриҷаҳонбегим дар мавзӯъҳои ишқу муҳаббати поки инсонӣ ва панду андарз гуфта шудаанд. Дар манбаъҳои адабӣ, махсусан бадоҳатан шеър гуфтани Нуриҷаҳонбегим қайд гардидаст. Ғ инчунин дар мушоираву махфилҳои адабӣ фаъолона иштирок мекард. Нуриҷаҳонбегим ғазалҳои зиёде дорад, ки шоирону адибони Ҳиндустон онҳоро тазмин кардаанд. Ин абьёт аз як ға­зели ӯст:

Чу бардорам зи рух буркаъ, зи гул фарёд бархезад,

Занам бар зулф агар шона, зи сунбул дод бархезад.

Ба ин хусну ҷамоли худ чу дар гулшан гузар созак,

Зи ҷони булбулон шӯри муборакбод бархезад.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …