Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Нуриҳои моеъ

Нуриҳои моеъ

Нуриҳои моеъ, нуриҳои мине­ралии моеъро гӯянд, ки дар таркибашон моддаҳои ғизоии барои растанӣ зарур доранд. Ба Нуриҳои моеъ нуриҳои нит­рогендор (аммиакоб, аммиакатҳо, маҳлулҳои консентрасияноки кар­бамид ва селитраи аммиак) ва нуриҳои мураккаби моеъ дохил меша­ванд. Нуриҳои  моеъи нитрогендор дар СССР аз соли 1956 ва нуриҳои мураккаби моеъ аз 1966 истеҳсол ва истифода мешаванд.

Нитрогени Нуриҳои моеъи нитрогендор (82,2% аммиаки моеъи беоб, 16,5— 20,5% аммиакоб, 35—45% аммиакатҳо) дар шакли танҳо асос ё аммиак (NHs) мебошад, ки бо зарраҳои хок мустаҳкам пайваст шуда, бо об шус­та намешавад. Нуриҳои моеъи нитрогендорро ба хок бо ёрии мошинҳои овеза ё ядакии плуг ё култиватордор ба чуқурии муайян (аммиакоб ва аммиакатҳоро ба 10—12 сантиметр, аммиаки моеъи беобро ба 15—20 сантиметр) меандозанд.

Маҳлули селитраи аммиак ва карбамидро ба рӯи хок мепошанд. Нуриҳои моеъи аммиаки озод доштаро дар зарфҳои ба таври герметӣ руст, ам­миаки моеъро дар систернаҳои пӯлодин, аммиакобро дар зарфҳои сӯзишвории тракторҳо, аммиакатҳоро дар зарфҳои аз пӯлоди зангпазанаида ё алюминий, пластмассаи андудаи зидди зангзанидошта нигоҳ медоранд ё мекашонанд. Нуриҳои моеъи мураккаб маҳлулҳои обианд, ки то 27%’ нитроген, фосфор ва калий до­ранд. Нуриҳои моеъи мураккаб аммиаки озод надоранд ва онҳоро пеш аз шудгор ё баъди кишт, ҳангоми култивасия, сихмола ба замин пошидан мумкин аст.

Адабиёт: Варанов П. А. (ва дигар). Жидкие азотные удобрения, Москва , 1981; Варе­нов П. А., Жидкие азотные удобрения, Москва 1966.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …