Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Нуфузи иҷтимоӣ

Нуфузи иҷтимоӣ

Нуфузи иҷтимоӣ, бахо ва тавадҷӯҳест, ки дар шуури ҷамъиятӣ ба ҷабҳаҳои мухталифи фаъолияти одамон ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ нисбат дода мешавад. Мавзӯи Нуфузи иҷтимоӣ аксаран мақомоти иҷтимоӣ (масалан, касб, мавқеъ дар ташкилот), фаъолияти одамон (масалан, дар соҳаи ҳаёти ҷамъиятӣ ва маишӣ), сифатҳои психо­логӣ (ташаббус, ҷасорат, матонат, заковат, зебоӣ ва ғайра), фаъолияти гурӯҳи одамони алоҳида, гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва муассисаҳо ба шумор ме­равад.

Нуфузи иҷтимоӣ  бо обрӯ, эътибор, нуфузи шахсӣ барин зуҳуроти ҷамъият алоқаманд аст. Мувофиқи назарияи марксистӣ баҳо додан ба нуфузу эътибор дар воқеияти иҷтимоӣ асосҳои объективӣ доранд. Масалан, машғулияти якхелаи муайян дар давраҳои мухталифи таърихӣ Нуфузи иҷтимоии гуногун дошта метавонад. Нуфузи иҷтимоӣ бо вуҷуди аз омилҳои объективӣ вобаста буданаш ба дараҷаи муайяне истиқлоли нисбӣ дорад. Дар ҷамъиятхои антагонистӣ одамони касби якхела аз рӯи мавқеи синфӣ дорои нуфузи мухта­лиф ва ҳатто ба ҳам зиданд.

Идео­логияи ҳукмрони ҷамъияти мазкур нуфузи сарвату моликияти шахсии дороёнро васф мекунад. Дар байни меҳнаткашон бошад нуфузи одамоне зиёд аст, ки истеъдод, маҳорати касбӣ ва хислатҳои мехнатдӯстӣ до­ранд ва барои адолати идтимоӣ мубориза мебаранд. Дар ҷамъияти со­тсиалистӣ низ тафовути муайянии Нуфузи иҷтимоӣ  ҷой дорад. Вале бо ҳам наздик шудани синфҳою гурӯҳҳои иҷтимоӣ боиси баробарии Нуфузи иҷтимоӣ ҳамаи аъзоёни ҷамъият мегардад. Дар замони сотсиализм мавқеи шахсро асосан меҳнат муайян мекунад. Аз ин рӯ, Меҳнати самаранок ва эҷодкорона чун омили муҳимми фаъолияти касбии бевоситаи меҳнаткашон дар ҷамъияти сотсиалнстӣ нуфузи калон дорад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …