Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Нодими Истарафшанӣ Муҳаммадсолеҳ

Нодими Истарафшанӣ Муҳаммадсолеҳ

Нодими Истарафшанӣ Муҳаммадсолеҳ (1783 — Истаравшан — 1841—1942, ҳамон ҷо), шоири тоҷик. Аз оилаи шоир Ҳоҷӣ Муҳаммади Шаҳдӣ. Нодими Истарафшанӣ ба шеъргӯӣ а хурдсолӣ cap кардааст. Пас аз хатми таҳсил Нодими Истаравшанӣ ҳамчун шоир шӯҳрат пайдо кард. Баъдтар ӯ ба чанде аз шаҳрҳои Мовароуннаҳру Осиёи Хурд сафар пеш гирифт. Аз Нодими Истаравшанӣ девоне боқист ки аз ғазалиёт, муҳаммасот, қитъаот, рубоиб ва фардиёту сокиномаҳо иборат буда, бештар аэ 1200 байтро фаро мегирад.

Қисми зиёди девони Нодими Истаравшаниро ғазал ташкил медиҳад. Дар ғазалҳояш мавзӯи ишқ, аҳволи баду зиндагии сахт, азобу уқубати тоқатфарсо, меҳнати душвору нодинҷор, беқадрию беҳуқуқии аҳли заҳмат ва орзую омоли онҳоро сурудааст. Нодими Истаравшанӣ дар ғазалсароӣ давомдиҳандаи анъанаи Ҳофиз буда, аз ғазалҳои Ҳофиз илҳом гирифтааст. Ғазалҳои дар оҳанги ға­залҳои Ҳофиз гуфтан ӯ мавзӯъ ва мундариҷаи нав, дофияву радифи тоза ва обуранги хоса дошта, ба рӯҳияи замон мувофиқат мекунанд. Дар як силсила шеърҳои ӯ аз худсарию тороҷгариҳои хону амирон ва амалдорони феодалӣ ва ба дод омадани мардум сухан меравад. Қаламрави шод дар назари шоир харобазор аст:

Дар харобободи шодӣ ранги маъмурӣ куҷост! ?

Омадам аввал харобу меравам охир хароб.

Нодими Истаравшанӣ аҳволи иҷтимоӣ, дунёи маънавӣ, зиндагонии мардуми оддӣ ва рӯҳияи онҳоро аёну барҷаста ба ка­лам додааст, чунки худи шоир аз ин табака ҷамъиятӣ баромада шуд. За­бони ашъори Нодими Истаравшанӣ соддаву равои, тасвирҳои ӯ ҷозибу дилнишинанд.

Ад.: Султонов С., Нодими Иста- равшанй, г. «Маориф ва маданият», 17 май I960.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …