Нитронӣ реакцияҳои химиявие, ки дар натиҷаи онҳо ба молекулаи пайвастҳои органики нитрогурӯҳ — NOs дохил карда мешаванд. Нитрониро асосан бо таъсири кислотаи нитрат ё оксидҳои нитроген ба амал мебароранд. Ҳангоми нитронии парафинҳо, сиклопарафинҳо (реасция» М. И. Коновалов) ва фенолҳо кислотаи нитрати сероб, ҳангоми Нитронии парафинҳо (асосан этан, пропан) дар ҳарорати 250—500° Селсия бошад, кислотаи нитрати консентронида истифода мешавад. Омехтаи кислотаи нитрат ва кислотаи сулфатро барои Нитронии карбогидридҳои ароматӣ ва оксидҳои нитрогенро барои Нитронии карбогидридҳои беҳад истифода мебаранд. Ҳангоми истеҳсоли Нитронӣ ба қоидаҳои бехатарии кор риоя кардан лозим аст.
Tags Химия
Инчунин кобед
САХАРИМЕТРИЯ
САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …