Маълумоти охирин
Главная / Биология / Нилуфариҳо

Нилуфариҳо

Нилуфариҳо (Nymphaeaceae), оилаи растаниҳои дупаллагӣ. Гиёҳҳои бисёрсолаи обӣ. Баргашон калон-калон (диаметраш то 2 метр) буда, одатан дар рӯи об шино мекунанд. Гули дуҷинса (диаметраш 35 сантиметр) до­ранд. 8 ҷинс — тугмачагули обӣ, нилуфар, гули садра, эвриала, камоба лаълигул (виктория), бразения ва барклая ва қариб 100 намудашоп дар ҳама ҷо (ғайр аз Арктика, Ан­тарктика, даштҳо ва баландкӯҳҳо) паҳн шудаанд. Дар СССР намудҳои ҷинси тугмачагули обӣ, нилуфар ва  эвриала месабзанд. Дар боғи ботаникии Институти ботаникаи Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон 11 намуд ва 4 навъи дурагаи Нилуфар (кабомба — Cabomba caraliniana, тугма­чагули обӣ — Nuphar luteum, эвриала — Euryale ferox, лаълигул — Vic­toria cruciana, гули садра — Nelumbo nucifera ва ғайра), ки мансуби в ҷинсанд, ҷамъ оварда шудаанд. Дар за- монҳои қадим дар Тоҷикистон гули садра мерӯид. Инро олимони тоҷик аз нишонаҳои баргҳои гули садра, ки дар таҳшинҳои давраи сеюм ёф шудаанд, муайян карданд. Ҳоло дар шароитҳои табиии Тоҷикистон Нилуфар намёруянд.

Адабиёт: Интродукция растений и зелёное строительство, Алма-Ата, 1961.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …