Маълумоти охирин
Главная / Илм / Неолит

Неолит

Неолит (аз нео… ва lilhos — санг), асри нави санг, давраи охирини асри cанг. Неолит ҳазораҳои 10—4 то милодро дарбар мегирад. Дар территорияи Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистони имрӯза ба хазораи 5—3 то милод тааллуқ дорад. Дар давраҳои аввали Неолит одамон аз лой зарфҳо сохта, дар оташ мепухтанд. Дар ин давра кулолӣ, бофаидагӣ ва заврақсозӣ ба вуҷуд омад. Болғаи сангии дастадори дар давраи охири мозолит кашфгардида васеъ паҳн шуда, барои бунёди чайла, кулба ва заврақ олати асосӣ ба шумор мерафт.

Одамони давраи Неолит баробари шикор,моҳигирӣ кардан, инчунин бо чорводорӣ низ машғул мешуданд. Олоти меҳна­ти давраҳои охири Неолит нисбат ба давраҳои аввал суфтатар гардида, шакли муайянро гирифт ва дар рӯи тах­та сангҳо тайёр карда мешуд. Устухонро ба сифати парма истифода мебурданд. Одамони неолитӣ аз пӯс­ти ҳайвонот барои худ сару либос ва пойафзол медухтагӣ шуданд. Дар охирҳои давраи Неолит одамон аз фулузот сохтани олоти гуногуни меҳнатро ёд гирифтанд.

Дар ҳазораи 5 то милод маданияти Неолит мувофиқи осори мадани ва хоҷагӣ ба ду гурӯҳ тақсим мешавад: 1) маданияти деҳқонону чорводорон. 2) маданияти шикорчиёну моҳигирон. Дар территорияи Тоҷикистону Ӯзбекистон бошишгоҳу қароргоҳҳои давраи Неолит (маданияти Калтаманор, маданияти Ҳисор, ёдгориҳои археологии Кӯртакка, Кӯҳи Бӯлиён, Тутқавул ва ғайра) кашф ва тадқиқ шудаанд.

Адабиёт: Средняя Азия в эпоху камня и бронзы, Москва— Ленинград, 1966.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …