Неманиҳо (Неманньп), сулолаест дар Сербияи асрҳои миёна (нимаи дуюми асри 12—1371). Саравлоди он жупани кабир (жупан — сардори воҳиди маъмурию территориявӣ). Рашки Стефан Неман (солҳои ҳукмронӣ тақрибан 1170—96) ба давлати ягонаи феодалӣ дар Сербия асос гузоштааст (ба ном давлати Неманиҳо). Намояндагони дигари он; писари Немани жупани кабир Стефан Первовенчанный (1196—1227) унвови фахрии шоҳро соли 1217 гирифт; писарони ӯ шоҳон Стефан Радослав (1227—34), Стефан Владислав (1234—43), Стефан Уроши I (1243—76); писарони Уроши I шоҳон Стефан Драгутин (1276— 82), Стефан Урошп II Милутин (1282—1321); писари ӯ Стефан Уроши III Дечанский (1321—31); писари ӯ Стефан Душан (1331—55) дар Балкан шоҳии калони сербу юнониро ташкил дода, соли 1346 худро «шоҳи сербҳою юнониён» эълон кард; дар аҳди писари ӯ шоҳ Стефан Урош (1355—71) давлат ва сулолаи Неманиҳо барҳам хӯрд.
Tags Таърих
Инчунин кобед
САХАРИМЕТРИЯ
САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …