Назаров Меҳрубон (таваллуд 01. 05. 1922, деҳаи Шидзи pайони Рӯшони ВАБК), ходами маданият. Аз оилаи деҳқони камбағал. Аз соли 1945 аъзои КПСС. Ходими Хизматнишондодаи Санъати РСС Тоҷикистон (1965). Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Шӯъбаи театрии Омӯзишгоҳи бадеии Сталинободро хатм кардааст (соли 1941). Баъди баргаштан аз хизмати ҳарбӣ (1944) дар вазифаҳои директори Театри драмаи мусиқии Хоруғ, сардори шӯъбаи санъати комиҷроияи ВАБК (аз соли 1948), мухбири махсуси газетаи «Тоҷикистони сурх» (аз соли 1950), сардори Саруправленияи санъати Вазорати маданияти РСС Тоҷикистон (аз соли 1954), ҷонишини якуми вазири маданият (аз соли 1956), ҷонишини раиси Комитети давлатии РСС Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ (аз соли 1964), раиси Комитети давлатии РСС Тоҷикистон оид ба кинематография (аз соли 1965), вазири маданияти РСС Тоҷикистон (аз соли 1966) кор кардааст. Аз соли 1980 ректори Институти давлатии санъати РСС Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода. Назаров ба сифати режиссёр як силсила асарҳои драмавии адибони тоҷик, рус ва драматургиям ҷаҳонро дар театрҳои Хоруғ ва Душанбе ба саҳна гузоштааст. Ӯ муаллифи асарҳои илмии оммабоб («Санъати халқи тоҷик», 1961; «Бародарии маданиятҳо», 1967; «Санъат воситаи наздикшавии одамон» (1975) ва драмавии «Орзу» (1965), «Дасти дӯст» (1968), «Пайраҳаҳои оташин» (1969) ва ғайра низ ме- бошад. Депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон (даъватҳои 7—9). Узви ИК ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ аз соли 1965. Бо 2 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, 2 ордени «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо мукофотони дашудааст.
Tags Шахсони машҳур
Инчунин кобед
САФИНА
САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …