Навободи боло (то соли 1932 — Моҳи На в), деҳаест дар Совети қишлоқ Деҳқонариқи pайони Фархор, вилояти Кӯлоб. Территорияи колхози «40-солагии Октябр». Аз Навободи Боло то маркази Совети қишлоқ 10 км, то район 16 км; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 830 нафар (1982), тоҷикон. Деҳа мактаби миёна, китобхона ва магазин дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ ва кирмакдорӣ. Заминҳо аз дарёи Панҷ обёрӣ мешаванд.
Tags Деҳа
Инчунин кобед
Деҳаи САҒИРДАШТ
САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …