ТАШКИЛОТИ МУОҲИДАИ АТЛАНТИКАИ ШИМОЛӢ ( НАТО), иттифоқи ҳарбию сиёсие, ки бо ташаббуси ШМА ташкил ёфта, ба муқобили мамлакатҳои соСиалистӣ ва ҳаракати миллии озодихоҳӣ равона карда шудааст.
НАТО фаъолияти худро ҳангоми авҷи «ҷанги сард» дар асоси Муоҳидаи Атлантикаи Шимолӣ (14 апрели 1949, Вашингтон), ки ба он намояндагони ҳукуматҳоп ШМА, Британияи Кабир, Франсия, Белгия, Нидерланд, Люксембург, Канада, Италия, Португалия, Норвегия, Дания, Исландия имзо гузошта буданд, шурӯъ намуд; соли 1952 ба он Юнон ва Туркия, 1955 РФГ ҳамроҳ шуданд. Декабри 1981 Испания низ ба НАТО аъзо гардид. Июли 1966 Франсия аз ташкилоти ҳарбии НАТО баромада, ҳамчун иштирокчии Муоҳида монд. Августи 1974—80 Юнон дар ташкилоти ҳарбии НАТО иштирок накард. Органи Олии Ташкилоти муоҳадаи Атлантикаи шимолӣ сессияи Шӯрои НАТО ва Камитети баплангирии ҳарбӣ буда, аз рӯи қоида соле 2 маротиба даъват карда мешавад.
Органи олии ҳарбии НАТО — Комитети баплангирии ҳарбӣ. Қароргоҳаш шаҳри Брюссел.