Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Нашриёти адабиёти сиёсии

Нашриёти адабиёти сиёсии

Нашриёти адабиёти сиссии КМ КПСС, нашриёти марказии партиявии Иттифоқи Советӣ. Соли 1918 дар Москва ҳамчун нашриёти партиявии «Коммунист» ташкил шудааст. Аз соли 1931 нашриёти адабиёти партиявӣ. Соли 1940 Нашриёти адабиё­ти партиявӣ бо нашриёти адабиёти иҷтимоиву иқтисодӣ муттаҳид гардид. Аз январи 1941 Нашриёти давлатии адабиёти сиёсй ва аз соли 1963. Нашриёти адабиёти сиёсӣ номида мешавад.

Нашриёти адабиёти сиёсӣ асарҳои классикони марк­сизм-ленинизм, материалҳои съездҳои партия, пленумҳои Комитети Марказӣ ва дигар ҳуҷҷатдои партиявӣ, маърӯзаҳо, нутқҳои роҳбарони Комитети Партияи Советии Сотсиалистӣ ва партияҳои бародарии коммунистиву кор­гарӣ, адабиёти илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва таълимии оид ба коммунизми илмӣ, фалсафаи марксистӣ-ленинӣ, иқтисоди сиёсӣ, таърихи Комитети Партияи Советии Сотсиалистӣ, сохтмони партиявӣ, атеизми илмӣ, сиёсати берунии СССР, процесси револютсионии ҷаҳонӣ, инчунин ада­биёти бадеӣ ва ҳуҷҷатӣ нашрияҳои тақвимиро чоп мекунад.

Дар байни адабиёте, ки Нашриёти адабиёти сиёсӣ нашр кардааст, нашри пурраи асарҳои Владимир Илич Ленин иборат аз 55 ҷилд (1958—1965), наш­ри 2-юми асарҳои Карл Маркс ва Фридрих Энгелс, тарҷумаи ҳоли Карл Маркс, Фридрих Энгельс, Владимир Илич Ленин, «Хотираҳо дар бораи Владимир Илич Ленин», нашри 11-ҷилдаи «КПСС дар резолютсиҳо ва қарорҳои съездҳо, конференсияҳо ва пленумҳои КМ», асарҳои 8-ҷилдаи Леонид Илич Брежнев «Бо роҳи Ленин» ва ғайра аҳамияти калонеро молпканд. Нашриёти адабиёти сиёсӣ бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …