Нақшбандия (аз ар. нақш ва бастан), яке аз машҳуртарин ҷараёнҳои тасаввуф, ки дар асри 14 пайдо шудааст. Асосгузори он Баҳоуддин Муҳаммад ибни Муҳаммади Бухороӣ машҳур ба Баҳоуддини Haқшбанд, ки бо падари худ ба матоъ ва фулузот нақш мебаст. Аз ин рӯ, бо ин лақаб машҳур шудааст. Таълимоти Нақшбандия низ номи худро аз ҳамин гирифтааст. Дар ташаккул ва ривоҷи Нақшбандия мақоми таълимоти чи пешгузаштагон ва чи ҳамзамонони Баҳоуддин, монанди Абдулхолиқи Ғиҷдувонӣ, Хоҷаазизи Ромитанӣ ё ҳазрати Азизон, Хоҷабобои Самосӣ, Амир Кулол ва ғайра басо калон аст. Нақшбандия аз пайравони худ мутобиқати куллии қонуну қоидаҳои шариат ва ҳадисҳои пайғамбарро талаб карда, риояи онҳоро яке аз шартҳои таълимоти маслаки худ медонист.
Нақшбандия ғояҳои асосии худро аз таълимоти Абдулхолиқи Ғиҷдувонӣ ги- рифтааст, ки у тарафдори зикри хуфя буд. Принсипҳои Нақшбандия (ҳуш дар дам, назар бар қадам, сафар дар ватан, хилват дар анҷуман, ёдкард, бозгашт, нигахдошт, ёддошт) бар зикри хуфяи мазкур асос ёфтаанд. Нақшбандия солики тариқатро водор мекунад, ки аз ҷамъият тамоман чудо нашуда, ба куллӣ зӯҳду тақво наварзида, таваккалро ихтиёр накарда, бо мардум бошад ва бо қувваи худ кор кунад. Дар рафти кор, сӯҳбат ва роҳгардӣ зоҳиран бо халқ ва ботинан бо ҳақ бошад (дил ба ёру даст ба кор), яъне моли зиндагиашро аз дигарон наталабида бо меҳнатн худ ба даст орад. Ин ҷиҳати таълимоти Нақшбандия дар байни омма хайрхоҳони зиёдро пайдо кард ва боиси афзудани иқтидори силсила гардид, Маҳз ҳа- мин нуқтаи таълимоти Нақшбандия нуфузи онро асрҳо дар ҷамъият нигоҳ дошт.
Пайравони Нақшбандия таълимоти худро яке аз дурусттарин ва беҳтарин силсилаҳои тасаввуф шуморида, бо роҳу усулҳои гуногун мардумро ба риояи он далолат мекарданд. Мувофиқи ақидаи онҳо, он чи хулосаи таълимоти гуногуни силсилаҳои тасаввуф ба шумор меравад, ибтидои Нақшбандияро ташкил мекунад, зеро мувофиқи таълимоти онҳо Нақшбандия гуё роҳи наздиктарини донистани ҳақ (худо)-ро ба солик нишон медиҳад. Роҳи наздиктарин ва пинҳоние, ки Нақшбандия қофилаи соликонро тавассути он зудтар ба донистани ҳақ расонданӣ мешавад. ҳамон зикри хуфя ё ки қалбӣ мебошад.
Нақшбандия чунин ваъдаро барои ҳар чӣ бештар ба силсилаи худ ҷалб кардани оммаи мардум пеш гирифта, бо ҳар роҳ кӯшиш мекард, ки таъсиру нуфузи онро бештар афзояд. Дар таълимоти Нақшбандия ба шахсият ва тарбият, вазифа ва масъулияти муриду муршид диққати махсус дода мешавад. Нақшбандия чун силсилаҳои тасаввуф, муридро ба он водор мекунад, ки баъди ба роҳи тариқат даромадан тамоми майлу хоҳиши худро ба иродаи муршид тобеъ созад.Шахсияти асосгузори Нақшбандия ба дараҷае баланд бардошта шудааст, ки ҳеҷ кадоме аз асосгузорони силсилаҳои дагари тасаввуф бо он баробар шуда наметавонанд, Аз ин рӯ, асосгузори ин силсила дар байни оммаи мардум ҳамчун шахси бузургтарини динӣ ва балогардон маъруф шудааст ва ба вай каромоти зиёдеро нисбат медиҳанд.
Нақшбандия дар Осиёи Миёна, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, Туркия ва баъдтар дар Закавказия васеъ паҳн шуда, пайравони зиёде пайдо карда буд. Нақшбандия аз он сабаб васеъ паҳн шуд, ки дар мавзеъҳои зикршуда, Баҳоуддин шогирдони бисёро дошт. Онҳо таълимоти Нақшбандияро ҳаматарафа тарғибу ташвиқ мекарданд. Нақшбандия бар хилофи пайравони тасаввуф, тобеони худро ба дӯстию ҳамкорӣ бо ҳодимону амирони давр даъват мекард. Аз ин рӯ, намояндаҳои гуногуни табақаҳои иҷтимоӣ Нақшбандияро ҳаматарафа дастгирӣ намуда, барои равнақу ривоҷи он кӯшиши зиёде мекарданд.
Ҳарчанд ки Нақшбандия мардумро зоҳиран ба зӯҳду тақво даъват накарда, ба кор ва меҳнат сафарбар менамуд бисёре аз намояндагони афкори адабӣ ва ҷамъиятӣ, монанди Ҳусайн Воизи Коши- фӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Алишери Навоӣ ва диг.ар худро пайравони он мешумориданд. Сардорони ин силсиила, махсусан Хоҷа Аҳрори Валӣ ва наздикони вай аз бойтарин шахсони замон ба шумор мерафтанд, аммо аксари пайравони он бо гадоӣ ва дарбадарӣ, қаландарона ва муфтхӯрона умр ба cap мебурданд. Умуман, таълимоти Нақшбандия аз унсурҳои оппозиционии тасаввуфи давраҳои аввал тамом фориғ бештар ба қонуну қоидаҳои шариати ислом мутобиқат мекард.
Адабиёт: Богоутдннов А. М, Очерки по истории таджикской философии, Сталинабад, 1961; Бертельс Е. Э., Суфизм и суфийская литература, Москва, I960; Раджабов М. Р., Джами и таджикская философия 15 в., Душанбе, 1968.