Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Нақлиёти автомобили

Нақлиёти автомобили

Нақлиёти автомобили, нақлиётест, ки тавассути он бор ва пас­сажир мекашонанд. Нақлиёти автомобили охири асри 19 тараққӣ кард. Соли 1900 дар ҷаҳон 11 ҳазор, 1940 46 миллион, 1950 70,4 миллион, 1968 190 миллион автомобил буд. Дар Россияи тореволютсионӣ Нақлиёти автомобили соҳаи мустақил набуд. Соли 1913 дар Россия 8,8 ҳазор автомобил (асосан автомобили сабукрав) буд.

Дар СССР Нақлиёти автомобили баъди пайдо шудани саноати автомобилии ватанӣ тараққӣ кард. Гардиши бори Нақлиёти автомобилӣ дар СССР соли 1970 назар ба 1913 89 маротиба афзуд. Барои тараққии босуръати  автомобилҳои мукаммалу пуриқтидор ва тезгард, нархи арзони боркашонӣ ва сохтмони роҳҳо имконият доданд.

Дар Тоҷикистон Нақлиёти автомобилӣ баъди ғалабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр тараққӣ кард. Аввалин автомобил ба Душан­бе соли 1926 омад. Соли 1929 дар респуб­лика сохтмони роҳҳои автомобилӣ оғоз ёфт. Ибтидои солҳои 30 хоҷагии автомобилии республика басо вусъат ёфт. Дар баробари афзудан ва беҳтар гардидани роҳҳо парки автомо­билӣ ҳам васеъ шуд. Дар ибтидои панҷсолаи 2-юм парки автомобилии рес­публика 4,6 маротиба, дар охири панҷсолаи 2-юм 32 маротиба афзуд, Тӯли роҳҳои сангфарши республи­ка соли 1940 назар ба 1929 282,2% зиёд гардид. Соли 1940 роҳи автомобилии Помир сохта шуд. Нақлиёти автомобтлли РСС Тоҷикистон бо кашондани бор ва пассажирони дохили республика машғул аст. Берун аз республика ҳам бор кашонда мешавад (Душанбе — Тирмиз, Хоруғ—Уш, Панҷакент—Самарқанд, Ӯротеппа—Хавост, Ленинобод—Тошкент ва ғайра). Дар дохили республика қариб 88% (1974) бор бо Нақлиёти автомобилӣ кашонда мешавад. Вазни қиёсии он дар гардиши бори нақлиёти автомо­били мамлакат тақрибан 0,9%, аммо дар ҳаҷми умумии боркашонии автомо­билӣ 0,8%-ро ташкил мекунад.

Соли 1970 ҳаҷми боркашонӣ назар ба 1940 31 маротиба ва гардиши бор 34 ма­ротиба афзуд. Дар республика борро асосан мошинҳои парки автомобилии Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳи РСС Тоҷикистон мекашонанд. Ба районҳои шимолии республика Трести ав­томобилии Ленинобод, ба районҳои ҷануб Трести автомобилии Душанбе ва ба ВАБК Трести автомобилии Помир хизмат мерасонанд. Соли 1955 боркашонӣ марказонида шуд. Соли 1968 хоҷагиҳои автомобилӣ пурра ба усули нави баплангирӣ ва ҳавасмандонии иқтисодӣ гузаштанд. Тамоми марказҳои район ва маҳалҳои кало­ни аҳолинишин байни худ алоқаи автомобилӣ доранд (ғайр аз баъзе районҳои куҳӣ, ки дар зимистон ро­ҳи ағбаҳо маҳкам мешаванд). Пассажиронро асосан автомобилҳои Ав­топарки истифодаи умум мекашо­нанд. Ҳозир аҳолии Тоҷпкпстон аз автобус бештар истифода мебарад.

Соли 1980 дар республика тавассути автобусҳои истифодаи умумӣ 197,7 миллион нафар пассажир кашондаанд.

Адабиёт: Орлов Б. П., Развитие тран­спорта в СССР, Москва, 1963; Прокофьев И. И. Анисимов А. П., Экономика автомобильного транспорта, Москва, 1965.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …