Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Надёждина Надежда Сергеевна

Надёждина Надежда Сергеевна

Надёждина Надежда Сергеевна (3. 6. 1908, Вилнюс —10. 10. 1979, Москва), артисткаи балет ва балет- мейстери советӣ, Арт. Халқии ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ (1966), Қахрамони Меҳнати Сотсиа­листӣ (1978). Солҳои 1918—1924 дар Мак­таби 2-юми давлатии балети Петро­град таҳсил намуд. Солҳои 1925—1934 ар­тисткаи балети Театри Калон. Соли 1941 аввалин маротиба ҳаммчун балетмейстер баромад кард, аз 1943—1948 балетмейстери Эстрадаи Москва. Соли 1948 ансамбли хореографии «Берёзка»-ро ташкил намуда, роҳбари бадеӣ ва балетмей­стери он мешавад. Ин ансамбл дар ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ ва хориҷа маълуму машҳур аст. Надёждина аз бузургтарин саромадони хореографияи халқии рус буда, як қатор рақсҳо ба сахҳа гузоштааст, ки беҳтаринашон инҳоаяд: «Сафедор», «Чархи фалак», «Чарх», «Дар ярмаркаи тирамоҳӣ», «Ба истиқболи субҳ», «Рақси калони қазақҳо», «Фаҷри қутбӣ», «Сюитаи сибирӣ* ва  Надёждина ва ансамблашро Совети Умумимиҷаҳонии Сулҳ бо Медали тиллои сулҳи ба номи Жолио-Кюри (1959) мукофотонидааст. Лауреата Мукофоти давлатии ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ (1950). Бо ордени Ленин мукофотонида шу­дааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …