Мясников Александр Леонидович (18. 09. 1899, Красный холм, ҳозира вилояти Калинин —19. 11.1965, Москва), терапевти советӣ, академия АИТ ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ (1948). Соли 1922 факултети тиббии Университети 1-уми давлатии Москваро хатм кардааст. Солҳои 1932—48 дар институтҳои тиббии гуногуни мамлакат кор кардааст. Аз соли 1948 директори Иниверситети терапияи АИТ ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ (аз 1966 Институти кардиологияи АИТ ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ ба номи Мясников). Мясноков асосан масъалаҳои патологияи дилу paг (бемории гипертонӣ, атеросклероз, ноқисии коронарӣ), бемориҳои ҷигар, роҳҳои заҳра, бемориҳои сироятӣ (вараҷа, бруселлёз)-ро тадқиқ кардааст.
Мясковский раиси Ҷамъияти умумироссиягии терапевтҳо (аз 1957), аъэои фах- рии аксар чамъиятҳои тиббии хориҷи. Бо мукофоти байналхалқии «Золотой стетоскоп» (1964), ордени Ленин, 4 ордени дигар ва медалҳо сарфароз гардидааст.
Ас.: Пропедевтика (диагностика и частная патология) внутренних болезней, М., 1957; Гипертоническая болезн и атеросклероз, М., 1965.