Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУВОЗИНАТИ ТЕРМОДИНАМИКӢ

МУВОЗИНАТИ ТЕРМОДИНАМИКӢ

balansi-termodinamikiМУВОЗИНАТИ ТЕРМОДИНАМИКӢ, ҳолати системаи термодинамикиеро гӯянд, ки системаи мазкур дар сурати аз муҳит ҷудо (изоляция) будан ва пайваста бетағйир мондани параметрҳояш дар фосилаи муайяни вақт худ аз худ ба ин ҳолат меояд. Дар вақти cap задани Мувозинати термодинамикӣ дар система ҳамаи процессҳои барнагарданда, ки ба диссипацияи энергия — гармигузаронӣ, диффузия, реакцияҳои химиявӣ ва ғ. алоқаманданд, қатъ меёбанд. Ҳолати мувозинати система бо қиматҳои параметрҳои берунаи он (ҳаҷм, шиддатнокии майдонҳои электрӣ ва магнитӣ ва ғ. инчунин бо қимати ҳарорат муайян карда мешавад. Аслан, параметрҳои холати системаи мувозинат мутлақ бетағйир нестанд—дар ҳудуди мироҳаҷмҳо ин параметрҳо аз қимати миёнаи худ каму беш фарқ карда метавонанд, яъне флуктуация доранд.

Вобаста ба хусусияти системаи изоляцияшуда шартҳои Мувозинати термодинамикӣ гуногунанд. Мас., дар системаи адабиёти изоляцияшуда ҳангоми қимати калонтарин (максималӣ) доштани энтропия S, дар системаи даруни термостат барои қабати минимуми энергияи озод ва системаи таҳти таъсири фишори берунаи доимӣ воқеъ гардидан термостат ҳангоми қимати хурдтарин (минималӣ) доштани потенциали термодинамикии Гиббс Мувозинати термодинамикӣ муқаррар мешавад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …