Маълумоти охирин
Главная / Биология / Мурғи Титав

Мурғи Титав

ТИТАВ, мурғи титав, мурғи даштӣ (lururus), як навъ мурғи шикоршавандаро гӯянд. Ду намуди с маълум аст. Титавии муқаррарӣ (L. tetrus) дар минтақаҳои бешаву бешадашти Европа ва Осиё бисёр аст. Титави нарина сиёҳи кабуду сабзтоб буда, дар болаш холҳои сафеди ҷилодор ҳаст; пари думаш каҷи лирашакл. Дарозии танааш 53—57 см. Вазнаш 1,2—1,8 кг. Модинааш хурд- ҷусса, сурхчаи чипор. Титави муқаррарӣ дар бешаҳои омехтаю паҳнбарг ва марғзор маскун аст.

murghi-titav

Дар замин лона месозад ва 4—14-то тухм мегузорад. Тухмро модинааш пахш мекунад ва баъди 19—25 рӯз чӯҷа мебарояд. Хӯрокаш гул, муғча ва навдаю меваи дарахтон. Зимистон галаи Титавҳо кӯч мекунанд. Титав аҳамияти саноатӣ дорад. Титав кавкази (L. mlocosiewisri) фақат дар Кавказ маскун шудааст. Титави нарина сиёҳ, пари думаш ба ду тараф тоб хӯрдааст. Титави наринаю модинаи яксола чипор мешаванд. Дар минтақаи субалнии бешазор маскун аст. Саршумори Титав дар ҳама ҷо кам шудааст. Аз ин рӯ шикори он манъ аст.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …