Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУОДИЛАИ БЕРНУЛЛИ дар гидродинамика

МУОДИЛАИ БЕРНУЛЛИ дар гидродинамика

bernulliМУОДИЛАИ БЕРНУЛЛИ дар гидродинамика, муодилаи асо­сии гидродинамикаро гӯянд, ки алоқаи байви суръати моеъи равон (в) ва Р фишори он (р)- L ро ҳангоми устувор (стасионар) будани ҷоришавӣ ифода мекунад.

Даниэл Бернулли (1738) аз қонуни бақои энергияи моеъи воҳиди ҳаҷм истифода бурда ин муодиларо ёфт. Дар майдони қувваи вазнивӣ барои моеоти идеалии зичиашои тағйирнаёбанда Муодилаи  Бернулли чунин аст:

+ pgA -h ptT = const, (1)

ки дар он р — зичин моеъ, g — тезшавии озодафтӣ, h — баландии сатҳи моеъ, ки аз ҳамвории сарҳисоб (уфуқӣ) ҳисоб карда шудааст,

ргт — фишори статикӣ, -у- рв* — фишори динамики ва pgh — фишори қувваи вазнинӣ. Агар моеъ аз ғулбаи уфуқии буришҳои арзии ҳархела ҷорӣ бошад, мувофиқи Муодилаи Бернулли дар ҷойҳои танги ғулба суръати моеъ баландтар, фишор хурдтар ва баръ­акс, дар ҷои васеи ғулба фишори моеъ калону суръат пасттар аст. Муодилаи Бернуллиро барои ҳалли масъалаҳои гидравлика (масалан., барои ҳисоб кардани миқдори моеъ ё гази фишурдашу- Даи дар воҳиди вақт аз ягон буриши арзии ғулба ҷоришаванда) истифода мебаранд. Барои ин бо ёрии найчаи Пито фишори мооъро чен мекунанд (расм). Фишор дар найчаи Пито р – Рст + Р*>*/2     (2) аст. Агар

фишори статикӣ ргг маълум бошад, аз муодилаи (2) суръати ҷоришавии моеъ (р)-ро ёфтаи мумкин аст. Муодилаи Бернулли дар гидравлика, техника ва гидродинамика аҳамияти калон дорад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …