МУЛЛОШОҲ (тахаллус; номаш Шоҳмуҳаммад; 1584, деҳаи Арксои Бадахшон—1661, Кашмир), шоири тоҷик. Дар Ҳиндустон зиндагӣ ва эҷод кардааст. Муллошоҳ аз шоирони мутасаввиф буда, дар эҷодиёташ фикрҳои пешқадам, ақоиди зиддидинӣ — исломи рошидӣ зиёд аст. Рӯҳониёни Деҳлӣ барои ин гуна ақоид ба қатли Муллошоҳ фатво дода буданд, аммо дар мубоҳиса Муллошоҳ бар онҳо ғолиб омад ва фатвои онҳоро ботил кард. Аз Муллошоҳ осори зиёде боқист: «Рисолаи валвала», «Рисолан ҳуш», «Рисолаи таҳрифоти хонаҳо ва боғот ва манозили Кашмир», «Рисолаи нисбат», «Рисолаи Муршид», «Зулайхо ва Юсуф», «Рисолаи девона», «Рисолаи шоҳия», «Девони ғазалиёт» «Девони рубоиёт» ва ғайра. Муллошоҳ дар атрофаш шоирони зиёди Бадахшону Ҳиндустонро ҷамъ карда, дар боби равобити адабии ин ду кишвар хизмат кардааст. А. Хабибов.
Tags Шахсони машҳур
Инчунин кобед
САФИНА
САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …