Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУЛЛОНИЁЗМУҲАММАДИ ХУҶАНДӢ

МУЛЛОНИЁЗМУҲАММАДИ ХУҶАНДӢ

personМУЛЛОНИЁЗМУҲАММАДИ ХУҶАНДӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), муаррихи асри 19 тоҷик. Мулло Ниёзмуҳаммади Xуҷандӣ бо асари таърихии худ «Таърихи Шохрухӣ» машҳур аст, ки онро солҳои 70 асри 19 навишта ба итмом расондааст. Ин асар яке аз сарчашмаҳои пурбаҳои таърихи хонии Хӯҷанд ва равобити он бо дигар давлатҳои Мовароуннаҳр мебошад. «Таърихи Шоҳрухӣ» яке аз нахустин сарчашмаҳои таърихиест, ки онро шарқшиноси рус Н. Н. Пантусов соли 1885 дар Қазон нашр карда­аст. Аз «Таърихи Шоҳрухӣ» маълум мешавад, ки Мулло Ниёзмуҳаммади Xуҷандӣ забонҳои то­ҷикию ӯзбекиро хуб медонистааст.

Адабиёт: Мулла Нияз Мухаммед. Таъри­хи Шохрухи, Казань, 1885; В. В. В а р- гольд, Туземец о русском завоевании; -извлечение из «Таърихи Шохрухи», сочинение, том 2, часть 2, Москва. 1964. А. Мухторов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …