Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУЛҲАМ Муллоабдуллоҳи Бухороӣ

МУЛҲАМ Муллоабдуллоҳи Бухороӣ

personМУЛҲАМ  Муллоабдуллоҳи Бухороӣ (соли таваллуд номаълум — вафот тақрибан 1720), шоири нимаи дуюми асри 17 ва ибтидои аари 18. Тоҷик. Айёми бачагӣ ва таҳсили Мулҳам дар Бухоро гузаштааст. Мулҳам бо намояндагони илму адаби Бухоро ва Самарқанд аз наздик шинос буда, бо тазкиранавис Малеҳои Самарқандӣ мулоқот кардааст. Аз сухани худи шоир («Ҷаҳонгардам, Ҳироту назми Нозим дидаам, Мулҳам) бармеояд, ки ӯ ба Ҳирот низ сафар кардааст. Мулҳам ба монанди падар ва бобои худ касби хиргоҳсози- ро аз худ намуда, ба музди ночизе аз ин касб фақирона рӯз мегузаронид. Махсусан, аҳволи шоир дар айёми пиронсолиаш боз ҳам вазнинтар шудааст.

Аз мероси адабии Мулҳам як девони ашъор иборат аз ғазалиёт, рубоиёт, қитъаҳои таърихӣ, муҳаммасот ва қасидаҳо, ҷамъ 2042 байт ва маснавии «Лайлӣ ва Маҷнун» (1571 байт) боқӣ мондааст. Ашъори парокандаи Мулҳам дар маҷмӯа ва баёзҳои пас аз асри 17 низ ба назар мерасанд. Дар бай­ни осори боқимондаи Мулҳам ғазал, ки танқиди замони феодалӣ, сарзаниши табақаҳои ҳукмрон, мазаммати тамаъ, тарғиби инсондӯстӣ, ростӣ барин масъалаҳои иҷтимоӣ ва тарбиявиро дарбар мегирад, мақоми асосӣ дорад. Дар девони Мулҳам фақат ду қасида мавҷуд аст, ки яке ба Муҳаммадамин ном дӯсти шоир ва дигаре ба хукмрони замон Абулфайзхон бахшида шудаанд. Дар қисмати тағаззули қасидаи дуюм, бар хилофи мавзӯъҳои маъмулии ташбиби қасида Мулҳам баъди шарҳи ҳоли худ ба танқиди табақаи ҳукмрон мегузарад ва сабаби таълифи қасидаро баён мекунад. Рубоиёт, қитъаҳои таърихӣ ва мухаммасоти шоир устодона суруда шудаанд, ва­ле тозагии ба назар намоён надоранд. Достони нотамоми Мулҳам «Лайлй ва Маҷнун»-ро пас аз марги ӯ шои­ри асри 18 Музҳаб ба поён расонидааст. Мулҳам . ба сюжети анъанавии «Лай­лӣ ва Маҷнун» баъзе навигариҳо дохил кардааст. Вале дар достони ӯ назар ба достонҳои «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Ҳилолӣ ва Шоҳин таъсири тасаавуф пурқувваттар мебошад. Ашъори шоир бо забони содда ва равон эҷод гардидааст.

Адабиёт: М и р з о е в А., Мулхами Бухороӣ, Сталинобод, 1949.

Т. Неъматзода.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …