Маълумоти охирин

МУҚТАЗАБ

musikiМУҚТАЗАБ (ар. —буридашуда), номи яке аз баҳрҳои ф аръии арӯз. Ин баҳрро барои он Муқтабоз гӯянд, ки онро аз мунсареҳ бурида гирифтаанд. Рукнҳои ин ду баҳр ба ҳам хеле монанд буда, фақат аз ҷиҳати татиби ҷойгиршавӣ тафовут доранд. Агар дар мунсареҳ аввал рукни мустафъалун, баъд мафъӯлоту ояд, дар Муқтазаб аввал рукни мафъӯлоту, сонӣ рукни мустафъалун оварда мешавад. Муқтазаб мисли дигар баҳрҳои фаръӣ рукни махсус надошта, дар натиҷаи омезиши зиҳофҳои рукни ч о р у м (мафъӯлоту) ва рукни асосии баҳри раҷаз (мустафъилун) сохта мешавад. Барои сохтани дигар навъҳои Муқтазаб аз рукни мафъӯлоту матнӣ — фоилоту; _ махбун — мафоӣлу; марфӯъ — мафъӯлу ва аз рукни мустафъалун заҳофҳои матвӣ — муфтаилун ва мақтӯъ—мафъӯлун истифода мешававд. Дар натаҷаи омезиши зиҳофҳои рукнҳои солими Муқтазаб ду навъи вазни он дар шакли мусамман ҳосил мешавад. Шаклҳои мусаддасу мураббаъ, инчунин, шак­ли солими Муқтазаб (мафъӯлоту/мустафъалун/мафъулоту/мусгафъалун) мустаъмал нагардидаанд. Аз ин рӯ, Муқтазаб яке аз баҳрҳои камистеъмол ба шумор меравад. Мисолҳо барои Муқтазаб:

  • Муқтазаби мусаммани матнӣ:

(— V — V/— УУ — /— У — V/— УУ —)

Бо лабат чӣ металабам, бода назди

ҷон чӣ бувад?

Бо рухат чӣ менигарам, банда пеши

хои чӣ бувад?

(Сайфӣ).

  • Муқтазаби мусаммани матвии мақтӯъ:

(— V — V/ /— V — V/—       )

Ин чӣ рангу рухсор аст? Гулшани ҷамол аст ин,

Ин чӣ қадду рафтор аст? Ғояти ҷамол аст ин.

(Сайидо).

Ад.: Бартельс В. Э., Грамматика персидского языка. Л., 1026; Б а * р о м С и р у с, Арӯзи тоҷикӣ, Д., 1963; Зеҳнӣ Т., Санъати сухан, Д., 1979;

У. Тоиров

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …