Маълумоти охирин
Главная / Илм / МОМЕНТИ МИҚДОРИ ҲАРАКАТ

МОМЕНТИ МИҚДОРИ ҲАРАКАТ

momenti-impulsМОМЕНТИ МИҚДОРИ ҲАРАКАТ, моменти импулс, моменти кинетикӣ, аз меъёрҳои ҳаракати механикии нуқтаи материалӣ ё система буда, махсусан ҳангоми омӯхтани ҳаракати чархзанӣ аҳамияти калон дорад.

Моменти миқдори ҳаракати нуқтаи материалӣ нисбат ба маркази (нуқта)-и О ба ҳосили зарби вектории радиусвекторӣ ба ин нуқта аз марказ О гузароидашуда г ва вектори импулси нуқтаи материалӣ mv (m— масса, v— суръати нуқтаи материалӣ) баробар аст, яъне Ко ==> [г • mv].

Моменти миқдори ҳаракати ҷисм ё системаи ҷисмро к нисбат ба марказ О ба ҷамъи геометрии моментҳои ҳамаи қисмҳои хурди ҷисм (система) нисбат ба ҳамон марказ, ки чун нуқтаҳои материалии массаашон dm тадқиқ мешаванд, баробар мебошад, яъне к — == f [г, v)dm аст ва моменти асосии m миқдори ҳаракат номида мешавад. Моменти миқдори ҳаракати ҷисм (системаи ҷисмҳо) нисбат ба тири аз маркази О гузаранда бузургии скалярии Ка мебошад, ки ба проекцияи вектори к ба тири а баробар аст. Моменти миқдори ҳаракати ҷисм нисбат ба ҳар гуна нуқтае, ки дар тири а воқеъ аст (бузургии Ка), ба мавқеи ин нуқта дар тир вобаста нест. Агар ҷисм (система) дар гирди тири а бо суръати кунҷии о> чарх занад, Ka — Iaw мешавад (1а—моменти инерцияи ҷисм нисбат ба тири а, а) — проекцияи вектори <о ба тири а). Моменти миқдори ҳаракати системаи сарбаст дар процесси ҳаракати система тағйир намеёбад (қонунн бақои Моменти миқдори ҳаракат) Моменти миқдори ҳаракат Дар Системаи уфуқҳои байналхалқӣ (СИ) бо —– чен карда мешавад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …