МОМЕНТИ ҚУВВА, бузургии механикиест, ки таъсироти берунаро ба ҷисм (ё ба системаи ҷисмҳо) тавсиф медиҳад ва тағйирёбии ҳаракати чархзании ҷисмро муайян мекунад. Моменти қувва с-бат ба марказ (нуқта)-и О (расм) — бузургии вектории М аст, ки ба ҳосили зарби радиусвектори (г) аз марказ О ба нуқтаи гузориши қувва гузарондашуда ва вектори қувва ғ баробар мебошад: М = = [г • F] Моменти қувваро аз рӯи формулаи М = Fr sin а меёбанд, ки дар он а кунҷи байни г ва F. / = г sin акитфи қувваи F (масофа аз нуқтаи О то хати таъсири қувва) мебошад. Моменти қувва нисбат ба тири а бузургии скалярии Ма аст, ки ба проекцияи вектори Моменти қувва нисбат ба нуқтаи дилхоҳи О бар ин тир баробар аст (қимати Ма ба мавқеи О дар меҳвари а вобаста нест). Моменти қувва дар системаи воҳидҳои байналхалқӣ (СИ) бо Н м чен карда мешавад.
Tags Физика
Инчунин кобед
САХАРИМЕТРИЯ
САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …