Маълумоти охирин
Главная / Илм / МОДЕЛҲОИ КОИНОТ

МОДЕЛҲОИ КОИНОТ

modelhoi-koinotМОДЕЛҲОИ КОИНОТ, як силсила нақшаҳои космологиеро гӯянд, ки тарҳи геометрии Коиноти том ва таҳаввули имконпазири онро тасвиру тафсир мекунанд. Нахустин дар таърихи космологияи илмӣ модели Коинот системаи геоцентрии одам буд, ки азтарафи астрономи маъруфи юнонзамин Батлимус (Птолемей) дар асри       2 м. сохта шудааст. Ин модели космологӣ бо вуҷуди он ҳама тағйироти ҷузъие, ки дар тӯли асрҳои оянда аз тарафи олимони Шарқу Ғарб ба шаклу мазмуни вай дароварда шуданд, то худи асри 16 нуфузи илмии худро нигоҳ дошт. Дуюмии дар таърихи космологияи илмӣ модели Коинот системаи гелиоцентрии олам, буд, ки аз тарафи астрономи маъруфи лаҳистонй Н. Коперник соли 1543 интишор шуд. Модели сеюмро ҳамзамони мо Эйнштейн соли 1917 таҳия кардааст. Он модели релятивистнест, ки Коиноти томро ба сифати як олами фазояш боинтиҳо, вале номаҳдуде тасвир мекунад. Бар хилофи умеди аввалаи худи Эйнштейн    модели вай дар таърихи моделонии космологӣ анҷом не, балки оғоз буд —оғози марҳилаи тозае буд дар ҷараёни маърифати космологӣ. Тадқиқоте, ки худи хамон сол (1917) аз тарафи В. де Ситтер ба иҷро расид. (вай ба истилоҳ моделҳои холиро барсохт, ки бо вуҷудн ин хосиятҳо аст. Назарияҳои мавҷудаи ҷозиба

ачовби физикӣ доранд), ишора намуд, ки асли ҳол назар ба он ки Эйнштейн гумон мекард, мураккабтар аст. Сонитар ба туфайли тадқиқоти А. А. Фридман, Ж. Леметр, А. Эддингтон, Р. Толмен ва дигарон ҷиҳатҳои зерини масъала ошкор гардид: а) дар зимни муодилаҳои Эйнштейн ҳам модели статикӣ (Коиноте, ки бо мурури замон тағйир намеёбад) ва ҳам модели динамикӣ (Коиноти тағйирёбанда) сохтан мумкин аст; б) моделҳои Эйнштейн ва Де Ситтер ҳамагӣ ду ҳалли ҷудогонаи муодилаҳои мазкур буда дар байни онҳо миқдори беҳадду ҳисоби ҳалҳои имконпазир ҳаст; агар аз тахминоти асосии Эйнштейн, ки ҳангоми барсохтани модели худ ба сифати нуқтаи истинод қабул карда буд (сухан дар бораи фарзияе меравад, ки дар ҳолати оромиши куллӣ будани Коиноти томро тахмин менамояд), даст кашида шавад, шумораи бе ҳадду ҳисоби моделҳои космологиро сохтан мумкин аст:  ҳам модели фазояш боинтиҳо ва ҳам модели фазояш беинтиҳо, ҳам беист васеъшаванда ва ҳам даврӣ васеъшавандаву фишурдашаванда ва ғ.; в) модели статикии Эйнштейн худаш ба худаш физикаи ноустувор аст; такони назарногире кофист, ки он аз мувозинат барояд. Дар зимни ин шарт нест, ки модели мазкур «куравӣ» бошад, зеро аз нуқтаи назари топология вай низ метавонад эллипей шавад.

Аз нимаи дуюми солҳои 30 cap карда, пайваста ба душвориҳои xocи математикӣ, физикӣ ва фалсафие, ки ба онҳо космологияи релятивистӣ дучор гардид, як қатор олимони кайҳоншинос (П. А. М. Дирак, Э. Мили, П. Иордан, Ҳ Бонди, Т. Голд, Ф. Ҳойл ва дигарон) паи барсохтани моделоҳои нави Коинот шудаид. Азбаски моделҳои космологӣ андаруни аппарати математикӣ ва мафҳмоти физикии ину он назарияи ҷозиба сохта мешавад, ин саъю кӯшиш пайваста ба таҳияи назарияҳои нави гравитационӣ сурат гирифт.

Одатан дар зимни ҳар яке аз назарияҳои бо ҳам рақобаткунанда чандин моделҳои Коинотро сохтан мумкин аст; моделҳои мазкур бошанд, мантиқан ба ҳам мусовӣ буда, яке аз дигаре бартарие надорад

ва, аз ин рӯ, дар асоси як худи далелҳои назарӣ ҳаҷ кадоми онро ҳамчун модели «ҳаққонӣ» пазируфтан мумкин нест.

Аз ин ҷиҳат тасниф додани назарияҳои ҷозиба ва моделҳои мавҷудаи космологӣ пеш омад. Инро аз рӯи меъёру аломатҳои гуногун ба амал баровардан мумкин аст. Мас.,моделҳои космологиро аз рӯи навъи назарияҳои ҷозибае, ки дар асоси онҳо моделҳои мазкур сохта шудаанд, ба хелҳо ҷудо кардан мумкин аст. Назарияҳои мавҷудаи ҷозиба  бошанд, ба якчанд синф тақсим мешаванд (релятивистӣ, ғайрирелятивистй, ньютонӣ, постньютонӣ ва ғ.), ки ҳар яке дар навбати худ ба якчанд зерсинфҳо ҷудо мешаванд (мас., агар навъи аппарата математикиро ба назар гирем, он гоҳ синфи релятивистии назарияҳои ҷозибаро ба зерсинфҳои назарияҳои скалярӣ, векторӣ, тензорӣ, скалярию тезорӣ, тетрадӣ, биметрӣ ва ғ. тақсим кардан мумкин мешавад). Таснифоти моделҳои космологиро инчунин аз рӯи тарзи таҳияи онҳо гузарондан мумкин. Аз рӯи ин аломат моделҳои мавҷударо ба се навъ ҷудо мекунанд: якҷинса ва изотропӣ, якҷинса ва анизотропӣ, ғайриякҷинса ва анизотропӣ.

Моделҳои космологиро аз рӯи хосиятҳои физикию геометриашон низ ба синфҳо ҷудо кардан мумкин аст. Аз ин ҷиҳат моделхои статикстационарӣ ва эволюционӣ, моделҳои фазояшон боинтиҳо ва фазшон беинтиҳо, моделҳои хати инкишофашон маҳдуд ва номаҳдудро аз ҳам фарқ мекунанд. Ниҳоят, назарияҳо ва моделҳои лемологии ҳозираро дар зимни ба ӯ омехтани меъёру аломатҳои номбурда низ тасниф додан мумкин дар байни моделҳои мавҷудаи Коинот ҳозир моделҳои релятивистӣ (ниг. расм) аз ҳама боэътимодтар ва ба асли ҳол наздиктар дониста ме­шаванд. Дар байни моделҳои мазкур бошад, дар ҷои аввал моделҳои зерин меистанд:

[1]. Модели Фридман: Коинот аввал то ҳадди кехин фушурда шуда, баъд якзайл васеъ мегардад ва дар ниҳояти кор материяи кайҳонӣ ба ғояти дараҷа тунук шуда меравад.

  1. Модели Леметр: Коинот аввал аз ҳолати сингуларӣ (ба қавли Леметр «атоми ибтидоӣ») cap карда бо шаст васеъ мешавад, баъд суръаташ суст шудан мегирад, охирон аз ҳаракат монда андаке (ин ҷо андаке ба даҳҳо млрд сол баробар аст) таваққуф мекунад, вале сонитар боз нав ба ҷунбиш омада дигар беист васеъ мешавад.
  2. Модели Эддинттон-Леметр: Ко­инот аз ҳолате, ки модели Эйнштейн танқид мекунад, то ҳолате, ки дар модели Де Ситтер тасвир мегардад, беист васеъ мешавад.
  3. Модели Эйнштейн-Де Ситтер: ҳолати сингуларӣ cap карда бетаваққуф васеъ мешавад.
  4. Модели Фридман—Эйнштейн: Ҳолати сингуларӣ cap карда то ба ҳадди муайян васеъ мешавад ва сипас фушурда шуда ба ҳолати сингуларӣ бармегардад. Дар мавриди охирин Коинот дар байни ду ҳолити «нуқтагӣ» (сингуларӣ) мелаппад, яъне вай ба навбат васеъ ва фушурда мешавад. Агар ин модели космологӣ дар ҳақиқат ҳам дар табиат амри воқеъ мегардид, он гоҳ яке аз ғояҳои асосии натурфалсафаи қадим ба истилоҳ даври кайҳонӣ дубора зинда мешуд. Ин ақидаи кӯҳан, ки даври пайдо шудан ва нобуд гардидани оламҳои мухталифро талқин мекунад, дар тамаддунҳои гуногуни бостонӣ зери ниқоби номҳои гуногун падид омадааст: дар Ҳиндустон онро «дҳарма» меномиданд, дар Хитой «дао» мехонданд, дар Юнон «ло­гос» мегуфтанд, дар кишварҳои Ара­бу Аҷам бошад, вай бо номи «даври тасалсул» машҳур шудааст.

Мутаассифона, барои муқаррар кардани он, ки кадоме аз ин модел­ҳо ҳақиқати айнианд, яъне асли ҳолро ба ғояти аниқи тасвиру таъбир мекунад, маълумоти дастраси астрономӣ ҳанӯз кофӣ пест. Ҳол oн ки барои ҳалли бояду шояди масъала фақат як параметри космологӣ — зичии миёнаи моддаи кайҳониро аниқ муайян кардан кофист. Ниг. низ Коинот, Космологияи релятивисгӣ, Муодилаҳои Эйнштейн.

Ад.: Турсунов А., Банди фалаи, Д., 1076; 3ельманов А. Л., Космология — Развитие астрономии в СССР (1917—1967), М., 1967; Космология; тео­рии и наблюдения, М., 1978; North J. D. The Structure of the Untversa, L., 1965.

 А.Tуpcунов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …