Маълумоти охирин

МИРЗО РИЗО

nophoto-manМИРЗО РИЗО (1907, деҳаи Хоҷачилдиёри Ҳисор — 25. 5. 1935, ҳамон ҷо), муборизи фаъоли мустаҳкам намудани Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон, яке аз фаъолони коллективонии хоҷагии Кишлоқи республика. Аз оилаи деҳқони камбағал. Аъзои комсомол аз соли 1928. Омӯзишгоҳи мусиқии ш. Хуҷандро хатм кардааст (1929). Солҳои 1929—35 котиби ячейкаи комсомолӣ, Ҷонишини раиси С. қ. Ноҷӣ, раиси колхози «Инқилоби Cypх» pайони Ҳисор. Бар зидди босмачиён ва ҳама гуна душманони Ҳукумати Советӣ фаъолона мубориза мебурд. 25 май 1935 бо дасти душманони сохти советӣ ваҳшнёна кушта шуд. Ҳоло дар зодгоҳаш (райони Ҳисор) яке аз комитетҳои иҷроияи советӣ депутатҳои халқии қишлоқ инчунин дружинаҳои пионерӣ ва яке аз кӯчаҳои ш. Душанбе ба номи ӯст. Повести Ҳ. Назаров «Мирзо Ризо» (1965) ва фильми ҳуҷҷатии «Номе дар байни номҳо» (1971) ба Мирзо Ризо бахшида шудаанд. Редакцияи г. «Комсомоли Тоҷикистон» Мукофоти ба номи Мирзо Ризоро (1974) таъсис намудааст, ки он ҳар сол ба беҳтарин сардорони бригадаҳои пахтакории комсомолону занон супурда мешавад.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …