Маълумоти охирин
Главная / Илм / МИРОҚИЛОВ Темур Мирзохидович

МИРОҚИЛОВ Темур Мирзохидович

nophoto-manМИРОҚИЛОВ Темур Мирзохидович (таваллуд 7.11.1929, ш. Қӯқанд, РСС Таб.), иқтисодчии советии тоҷик, доктори илмҳои иқтисодӣ (1969), профессор (1971). Аъ­зои КПСС аз соли 1953. Мироқилов баъди хатми Институти давлатии педагогии Душан­бе (1952) ассистен­ти кафедраи иқтисоди сиёсии Институти Давлатии тиббии Душанбе (1952 —53) аспиранти Институти иқтисодиёти АФ СССР (1954—56), ассистент, муаллими калони Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (1957—59), доцент ва мудири кафедраи марксизм-лени­низм (1959—64), мудири кафедраи иқтисодӣ сиёсии ҳамин институт (аз соли 1964) шуда кор кардааст. Мироқилов аэ соли 1955 кори илмӣ бурда, доир ба иқтисодиёти хоҷагии халқ — муносибат ва роҳҳои мустаҳкам намудани ҳисоби хоҷагӣ дар саноат, колхоззу совхозхо зиёда аз 70 асари илмӣ («Ҳисоби Хоҷагӣ ва даромаднокӣ, арзиш ва арзиши аслӣ», 1961; «Ҳисоби хоҷагӣ ва роҳҳои мустаҳкам кардани он дар саноат», 1962; «Мустақилии корҳо истарабаҳо ва ҳисоби хоҷагӣ», 1966; «Ҳавасмандгардонии иқтисодӣ дар шароити нав», 1968; «Ҳисоби хоҷагӣ дар колхозҳо», 1969 ва ғ.) навиштааст. Мироқилов ҷонишини раиси секцияи иқтисодии Шӯъбаи осиёимиёнагии ВАСХНИЛ (аз соли 1973) буда, барои тадқиқи муносибатҳои ҳисоби хоҷагӣ ба коркунони муассисаҳои тадқиқоти илмии республикаҳои Осиёи Ми­ёна ёрии илмӣ мерасонад. Бо орде­ни «Нишони Фахрӣ», медальҳо ва Грамотаи Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Ас.: Стимулҳои иқтисодии афзун гардонидани самараи истеҳсолот, Д., 1975; Хозрасчётные фонды потребления как форма распределения по труду, Д., 1969; О системе хозрасчётных категорий, Д., 1975.

У. Таиров.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …