МИРАКИ ЧАНГИИ БУХОРОӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), мусиқишинос, бастакор ва навозандаи асрҳои 16—17 тоҷик. Санъати мусиқиро дар назди падараш омӯхтааст. Мираки Чангии Бухороӣ дар илмҳои дигар низ истеъдоду салиқаи баланд дошта, барои такмили дониш муддате ба Хоразм рафтааст. Мисли падараш дар чангнавозӣ устоди моҳир буда, аҳли мусиқӣ сабки ӯро тақлид менамуданд. Дар назарияи мусиқӣ низ доннши мукаммале доштааст ва Дарвешалии Чангӣ рисолаи худро дар асоси таснифоти ӯ мураттаб сохтааст. Барои сози чанг чандин оҳанг эҷод кардааст. Асари Мираки Чангии Бухороӣ «Пешрави Чангӣ» дар замонаш шӯҳрати зиёде доштааст.
А. Раҷабов.